Ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони онҳо мукофотпулиҳо супорида шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, хизмати шоиста дар соҳаи маориф ва ғолиб гардидани шогирдонашон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба 21 нафар омӯзгорон мукофотпулӣ супориданд. 

Аз ҷумла, Ҳусейн Ачилов, омӯзгори Литсейи физикӣ-математикии №1-уми шаҳри Хуҷанд бо 10 ҳазор сомонӣ, Равшан Воситов, омӯзгори Литсейи физикӣ-математикии №1-уми шаҳри Хуҷанд бо 10 ҳазор сомонӣ, Ҳасан Ачилов, омўзгори Муассисаи таълими давлатии «Мактаб барои хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 10 ҳазор сомонӣ, Соро Ёдгорова, омўзгори Гимназияи №2-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 10 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шуданд.

Ба Ҷӯрабой Бобоҷонов, омӯзгори Литсейи Донишкадаи политехникии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, Сайёра Абдушукурова, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми ноҳияи Спитамен, Обид Орифов, омўзгори Муассисаи таълими ғайридавлатии ба номи Очилбой Ҷӯраеви шаҳри Конибодом, Зебохон Бобоҷонова, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-юми ноҳияи Спитамен ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Манзура Ҳасанова, омӯзгори Литсейи №1-уми ноҳияи Спитамен, Обид Мансуров, омӯзгори Литсейи №1-уми ноҳияи Спитамен, Ҳасанбой Явкочаров, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-юми ноҳияи Спитамен, Маҳлиё Расулӣ, омӯзгори Литсейи №5-уми шаҳри Исфара, Мӯъминҷон Иброҳимов, омӯзгори Литсейи Донишкадаи политехникии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, Насибахон Иброҳимова, омӯзгори Литсейи №5-уми шаҳри Исфара, Муаззамхон Бобоева, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-уми шаҳри Исфара, Дилшод Қодиров, омӯзгори Литсейи №2-юми шаҳри Исфара, Акмал Ўрунбоев, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-уми ноҳияи Спитамен, Ҳулкарой Ҷуъмаева омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-уми ноҳияи Спитамен, Раҳима Ҳидоева, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-уми ноҳияи Мастчоҳ, Парвиз Расулов, омӯзгори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, Ҷавоҳир Ашўров, мутахассиси пешбари Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба миқдори 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

Ҳамзамон, ба 16 нафар хонандагон-ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулии яквақта дар ҳаҷми аз 2 ҳазор сомонӣ то 5 ҳазор сомонӣ қадр карда шудаанд.

.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.