МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

    Омӯзгорону хонандагони азиз!

Ҳар сол 1-уми сентябр чун анъана соли нави таҳсил бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Дарси сулҳ дарсест, ки ҳар нафари соҳибмаърифатро бори дигар аз ҳифзи ин неъмати муқаддас, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва ободию зиндагии ороми давлату миллат ҳушдор месозад. Тантанаҳои баргузории Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат қарор доштани илму маориф ва донишу маърифат мебошад, зеро маориф пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ва-тани хеш, пешрафти давлат ва  ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шаванд". Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини рушди маориф, сохта ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, иштирок ва ғолибияти омӯзгорону мураббиён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои касбию фаннӣ ва қадршиносии онҳо аз ибтикороти самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ мусоидат менамояд.

Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм –фурӯғи маърифат” ва  “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти ҷавонону наврасон боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи на танҳо хонандагону донишҷўён, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза мебахшад. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум ва дар навбати авввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву  ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба забон, таърих, фарҳанги бостониии тоҷикон бештар тақвият ёбад.

         Итминони комил дорам, ки устодону омӯзгорони масъулиятпеша ва соҳибиродаи мо анъанаи пешинаи гузаштагонро идома дода, наврасону ҷавононро, ки номбардорони фардои миллатанд, дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамоянд.

         Бори дигар, ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро  ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил  самимона табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият ва хониши хубу аъло таманно менамоям.

         Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.