Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ супорида шуд
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 80 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тӯҳфа намуд.
Раиси вилоят нахуст хонандагонро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборакбод гуфта, аз онҳо даъват кард, ки бо баҳои аъло таҳсил намоянд.
Таъкид гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави таҳсил ба фарзандони оилаҳои ниёзманд ва ятимону бепарасторон дар саросари вилоят либосҳои мактабӣ супорида шуда истодааст. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ҳадаф аз он дастгирии оилаҳои ниёзманд мебошад.
Наврасон ва ғолибони озмунҳои гуногун зимни қабули тӯҳфаҳо ба роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд