ШУКУҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ
Таҷлил
Бахшида ба солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ бо баргузории чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло зимни суханронии табрикии худ иброз дошт, ки маҳз истиқлоли давлатӣ, ки бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо устувору пойдор аст, ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, то ки ормонҳои деринаи халқамон амалӣ гардида, зиндагонии осоиштаву озодонаи мардум таъмин гардад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон иштирокдорон ва кулли мардуми ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуд.
Таманиёти идонаи Раиси вилояти Суғд аз ҷониби намояндаи вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аҳмедов Шарифҷон қироат карда шуд.
Барои дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, фарҳанг, саҳми назаррас дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешсафони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои давлатӣ, Ифтихорномаҳои Раиси вилоят ва Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи консертии устодони санъат ва ансамблҳои рақсӣ чорабинии идонаро рангину хотирмон гардонид.