Паёми табрикии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нуратулло САЛИМЗОДА ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола санаи 5-уми октябр дар саросари кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи забони давлатӣ бошукӯҳ таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳои дунё буда, забони аҳли адабиёти оламшумул маҳсуб меёбад. Дар давоми қарнҳо ин забон вазифаи бузурги таърихиро адо намуда, ҳамчун забони шеъру илму фарҳанг, адабиёт, коргузорӣ шинохта шудааст. Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат мебошад. Ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ низ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он оғоз мегардад.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, мақоми шоиста пайдо намуд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар шароити имрӯза барои рушду такомули забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам омада, тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои муҳим бо забони давлатӣ таҳия мегарданд, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву оммавӣ, бадеӣ бо забони давлатӣ нашр мешаванд.
Забон муаррифгари миллат, рукни муҳими давлату давлатдорист. Боиси ифтихору сарфарозист, ки забони хушоҳангу шевои тоҷикӣ имрӯз аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шухрати Тоҷикистони азизро дар арсаи олам баландтар мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз забони давлатӣ пуштибонӣ намуда, пайваста ҳамагонро ба эҳтиромгузорӣ ба ин муқаддасоти миллат ҳидоят мекунанд:” Мо вазифадорем, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгори нодири аҷдоди тамаддунсози ориёии худ ва мисли гавҳари гаронбаҳотарини ҳаётамон ҳифзу эҳтиёт кунем ва онро ба наслҳои ояндаи миллати ориёинажоди тоҷик дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузорем.”
Ин суханони самимии Сарвари давлат башоратгари муҳаббати саршор нисбат ба забони модарӣ буда, хеле ибратбахшу ҳикматомӯз мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро бобати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” босубот роҳандозӣ намуда, тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Дар ин самт таълиму тадриси забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд ба роҳ мондашуда, тарғиби забони тоҷикӣ дар байни мардум рушд меёбад.
Рӯзи забони давлатӣ ҷашни умумимиллист. Ҳамаи ҳамдиёрони азиз ва кулли мардуми заҳматқарини ноҳияамонро бо фарорасии Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, дар кору фаъолияташон барор ва саодати рӯзгор таманно дорам.