МУБОРАКБОДИИ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ба муносибати Рӯзи омӯзгор

      МАШЪАЛАФРӮЗОНИ ИЛМУ ДОНИШ   

Устодон ва омӯзгорони гиромӣ! 

Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорону устодони соҳибтаҷриба мебошад. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадбунёди хеш ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбару тақдирсози миллат афзалият бахшида, пешаи омӯзгориро муқаддастарин касби рӯи олам номида, аз ҷумла таъкид кардаанд: “Омӯзгорон машъалафрӯзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шуълаи меҳри хондану азбар намудан ва омӯхтани донишҳои гуногуни илми муосири  ҷаҳониро меафрӯзанд. Ба ибораи дигар, онҳо шаҳсутуни низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш мебошанд”.

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон баҳри зина ба зина беҳтар намудани заминаҳои моддӣ –техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш дар пешбурди кори таълиму тарбия Барномаҳои нави соҳавиро қабул ва татбиқ менамояд.

Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи мо низ биноҳои нави таълимии ҳозиразамон бунёд шуда, муассисаҳо бо маводҳои таълимӣ ва технологияи муосир муҷаҳҳаз мегарданд, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба нашр мерасанд.

Омӯзгорони ноҳия аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагӣ неруи тоза гирифта, дар татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, барои баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав ба натиҷаҳои дилхоҳ сазовор мешаванд. Натиҷаи заҳмати бобаракати кормандони соҳаи маорифи ноҳия аст, ки тайи солҳои охир онҳо дар озмунҳои касбии ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон”  ба дарёфти мақомҳои ифтихорӣ мушарраф мегарданд. Соли равон омӯзгори фанни биологияи Муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқати ноҳия Дилором Ҷалолова ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» гардид, ки камоли ифтихору сарфарозист.

Рӯзи омӯзгорро ба кулли маорифчиёни ноҳия ва дар шахси онҳо ба собиқадорони соҳа, устодону омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон бахту саодат, рӯзгори хушу обод, дар кори таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятукомёбиҳои нав ба нав ва зиндагии босаодат таманно менамоям.

                Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.