БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ 35 - УМИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

         Дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов конференсияи 35 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Даврон Зоҳидзода - муовини раиси вилояти Суғд, Суҳроб Рауфзода - намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сармуҳаррири нашрияи ҲХДТ “Минбари халқ”, Мирзоқосим Каримзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Дилором Турсунзода - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баргузор гардид.

 

    Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амир Анварзода ифтитоҳ намуда, ҳайати раёсати кории конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод кард. 

Дар конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи июли соли 2022 то то моҳи октябри соли 2024, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва интихоби вакилон ба конференсияи 16 - уми ҳисоботӣ - интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амир Анварзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз моҳи июли соли 2022 то моҳи октябри соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Баъд аз шунидани ҳисобот, вакилони конференсия Меҳрдод Қаҳҳорзода - раиси ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк”, Дилором Ҷалолова - раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Чинор”, Муқаддас Шодибоева - вакил аз ташкилоти ибтидоии минтақаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан - Модар, ҳимояи марзу буми кишвар, дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва насли наврас ҳиссаи арзандаи хешро доранд.

Суҳроб Рауфзода - намояндани Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, сармуҳаррири нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” гузориш намуда, пешниҳод намуд, ки аъзои ҳизб, кормандони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ бештар бо нашрияҳои ҳизбӣ ҳамкорӣ намуда, мунтазам мақолаҳоро доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз дарҷ намоянд.

Инчунин Даврон Зоҳидзода - муовини раиси вилояти Суғд бобати саҳми аъзоёни ҲХДТ дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиби сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, саҳми ҳизбиёнро дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия назаррас шумориданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни гузориши хеш таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ ба таъсиси он сӣ сол пур мешавад, ҳамчун ҳизби таҷассумгар ва ҳомии манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар давраи муборизаҳои сиёсӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, ғоявӣ, маънавӣ ба арсаи сиёсат арзи ҳастӣ намуд. Яке аз омилҳои маҳбубияти ҲХДТ ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеаи кунунӣ баҳои баланд дода, таъкид доштаанд: “Сабаби аслии воқеии обрӯю эътибор ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар дигар ҷо бояд ҷуст. Ин нуфуз ва маҳбубият дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша давондааст. Вай манфиат ва хостаҳои аксари сокинони кишварро ифода мекунад. Барои ҳамин одамон тақдирашонро ба ин ҳизб мепайванданд, аз он ҷонибдорӣ мекунанд.”

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд инчунин вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аҳли ҳизбиёни ноҳия баён карда, зикр дошт, ки бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам дар ноҳия ҷанбаҳои зиёдкунии аъзо хеле зиёд аст. Чун ба таркиби сифатии аъзои ҳизб таваҷҷуҳ мекунем, ҳанӯз аз ҳисоби соҳаҳои сохтмон, саноат, бонк, савдо, манзилию рифоҳӣ аъзоро зиёд кардан мумкин аст. Махсусан фаъолияти ҳизбӣ дар самти корхонаҳои хусусии хурду миёна беҳбудӣ мехоҳад. Зеро аксари аҳолӣ маҳз бо ин қишри ҷомеа бештар сару кор мегиранд. Агар мо аъзоро аз ҳисоби чунин нафарон, хоса ҷавонон зиёд намоем, ғояҳои ҳизб, дастовардҳои навини соҳибистиқлол, бандҳои Оинномавию Барномавии ҳизб, фаъолияти вакилон бештар дар байни ҷомеа муаррифӣ мешаванд.

Сипас, Турсунзода Дилором - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар баромади хеш қайд намуд, ки воқеан ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки вазифаи асосиамон рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, лозим аст, дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон бештар кор кунем ва таъсиррасониҳои пӯшидаву кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи ҷавонон саривақт безарар гардонем. Ҷиҳати риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар байни мардум бештар корбарӣ намуда, дар ин замина барои таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем.

Сипас, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Дар идомаи кори конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иборат аз 41 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар ва вакилон ба конференсияи вилоятӣ иборат аз 60 нафар интихоб шуданд.

Мутобиқи боби 4,19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 19 - и Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Амир Анварзода аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб гардид.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадршиносӣ гардида, якчанд нафар ҷавонон ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд.

Бо ҳамин ба кори конференсияи 35 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.