Ноҳияҳои Спитамену Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Пӯлодон ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ гардиданд
Дирӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти бистрӯзаи аввали мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ байни навоҳии пахтакор Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки мардуми вилоят барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ ҷамъбаст намудани соли таърихии 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош доранд.
Таъкид гардид, ки бистрўзаи аввали мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст шуд ва он нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷўшу хурўш аст. Дар ҷамъоварии ҳосили имсола кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом саҳми бештар гузоштанд. Онҳо ҳар рўз ба ҳисоби миёна баробари 1,5 – 2,5 фоизи нақшаи солона ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба рафти чиниши пахта суръат зам менамоянд ва пешоҳангони мусобиқа гардиданд.
Дар ноҳияи Спитамен то имрӯз 5855,5 тонна пахта истеҳсол шудааст, ки ин ба 40 фоизи нақша баробар аст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад 7090 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин ба 37,9 фоизи нақша баробар аст.
Дар маҷмуъ дар бистрӯзаи аввал дар вилоят 35429 тонна пахта истеҳсол шуда, нақшаи пешбинишуда 26,3 фоиз иҷро шудааст.
Пахтакорони вилоят ният доранд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ҳосили хуб ба даст оранд ва 134 ҳазору 530 тонна пахта истеҳсол намоянд. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳамарўза дар ҷамъоварии пахта беш аз 50 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён иштирок намуда, наздик 3,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд ва ин ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 50 килограммӣ рост меояд.
Дар бистрӯзаи аввал ҳамчунин деҳқонони чашмикордони хоҷагиҳои деҳқонии «Абдуқаҳҳор»-и ноҳияи Ашт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хоҷагии деҳқонии «Ғоибназар»-и ноҳияи Зафаробод, «Мастчоҳ- 2»-и ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом, «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Спитамен ва «Ғафор Алиматов»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар миқёси вилоят зиёда аз 1600 хоҷагӣ ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки гузоштани заминаи хуби ҳосил, ташкили дурусти кор ва сафарбаркунии саривақтии қувваҳо гарави муваффақият мебошад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба раисони ноҳияҳои Спитамену Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом вимпели сайёр ва мукофотпулиҳо супорида шуд.
Ҳамзамон, ба роҳбарони хоҷагиҳои пешқадам ва чинакчиёни беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд