МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон мебошад. Конститутсия барҳақ боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Аз ин рӯ, кулли мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати 30-солагии рӯзи қабули Қонуни асосӣ ҳамчун заминаи пойдори тамоми қонунгузории давлат самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Ин санади муқаддас, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрванд аз амалишавии Конститутсия шаҳодат медиҳад.
Тавассути эҳтироми воло ва риояи Конститутсия имкон фароҳам омад, ки обрӯю эътибори байналхалқии Тоҷикистон боло рафта, дар ҳамкориҳои пурсамар, иқтисодиёти кишвар рушд ва риштаҳои дӯстию рафоқат густариш ёбад. Мардуми соҳибзафари мо иқболи баланди хешро дар он мебинанд, ки дар ҷомеаи боадолат умр ба сар мебаранд ва давлату Ҳукумат бо роҳбарии Асосгугузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдомҳои некро барои таъмини сулҳу озодии шаҳрвандон бо татбиқу фарогирии Конститутсия амалӣ мекунанд.
Мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чун анъана ҷашни солгарди Конститутсияи Тоҷикистонро бо рӯҳбаландии калон, тӯҳфаҳои арзанда истиқбол мегиранд. Бахубӣ эҳсос менамоянд, ки ҳар як нишондиҳандаи меҳнатӣ дар таҳкими низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии беандоза дорад.
Конститутсияи кишвари мо мисли чароғи роҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун сохта, меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар руҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд.
Ҳамаи ҳамдиёрони азизро бо ҷашни 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, рӯзгори ободу осуда ва зиндагии арзанда таманно менамоям.
Бигзор Бахтномаи миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша раҳнамои зиндагӣ ва фаъолияти мардуми соҳибиқболи мо бошад!
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!