Қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни “Илм –фурӯғи маърифат”
Маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури омӯзгорон ва ғолибони озмуни мазкур иброз дошт, ки озмун таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор карда мешавад.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳу саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Таъкид гардид, ки аз соли 2021 инҷониб озмуни мазкур баргузор гардида, натиҷаҳо баёнгари онанд, ки он ба ҳадафи асосии худ – ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир расида истодааст.
Озмун завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам сохт.
Иттилоъ дода шуд, ки даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурўғи маърифат” аз рўи 7 номинатсия баргузор гардида, ҳайати ҳакамони озмун ба донишу маҳорат ва истеъдоди иштирокдорони озмун баҳои воқеӣ доданд. Дар ҷамъбаст 126 нафар, аз ҷумла 42 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 нафар хонандагони мактабҳои типи нав, 36 нафар донишҷӯ ва 6 нафар омўзгору намояндагони касбу кори гуногун ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ва қадршиносии ғолибон бошад 708 250 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Раиси вилоят аз зиёд шудани мукофотпулиии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки омӯзгоронро зарур аст, ки барои то сатҳи ҷумҳуриявӣ зиёд кардани иштирокчиёни озмунҳои мазкур минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии аҳли ҷомеа, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Сипас, ба ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат” мукофотпулиҳо супорида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.