Ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ғолиби бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ шуданд
Дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ байни навоҳии пахтакор Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин иштирок доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бистрӯзаи дуюми мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ ҷои якум насиби ноҳияи Ашт гардид. Заркорони ноҳия то имрӯз 8301,7 тонна пахта истеҳсол карда, нақшаи муқарраршударо 58,5 фоиз иҷро намуданд.
Ҷои дуюмро аҳли меҳнати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб гардиданд ва пахтакорони ноҳия 13856,4 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ карда, нақшаро 74 дарсад иҷро намуданд. Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бошад миёни ҷамоатҳо пешқадам дониста шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ ғолибони мусобиқаи меҳнатиро табрик гуфта, иброз дошт, ки кишоварзони вилоятро зарур аст, ки ҳосили имсоларо пурраву беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Зарур шуморида шуд, ки рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳро ғанимат дониста, ҳосил ҷамъоварӣ ва нақшаи истеҳсол иҷро карда шавад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба раисони ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ вимпели сайёр ва мукофотпулиҳо супорида шуд. Ҳамзамон, ба роҳбарони хоҷагиҳои пешқадам ва чинакчиёни беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд