ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

    

   Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона баргузор гардид. Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода аз моҳияти эълон гардидани санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, бо ёдрасӣ аз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории муосир иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов табрики раиси вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расонид.

Барномаи адабию фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.