МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз навгониҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, саҳми он дар болоравии ҳисси худшиносии шаҳрвандон арзанда аст.
Парчамдорӣ ба халқи мо аз гузаштагон мерос мондааст. Мо тоҷикон, чун дигар халқҳо дар тӯли таърих соҳиби парчамҳои гуногун будем. Дар сарчашмаҳои қадимтарин ин рамзи давлатдорӣ бо номҳои ливо, парчам, дирафш ёдоварӣ шудааст. Парчами қадимаи тоҷикон «дирафши коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ ба ҳисоб мерафт. Дар замони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болоии он тасвири паррандаи зарин – мурғи ҳумо ҷой гирифта, атрофи он ба сангҳои қимматбаҳо ороиш дода мешуд.
Дар давраи шӯравӣ аз соли 1924 то соли 1991 Парчами давлатии кишвари мо чанд маротиба иваз карда шуда буд. Пайдоиши аввалин Парчами Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1922 буд. То соли 1935 Парчами Тоҷикистон якрангаи сурх буда, дар он аломатҳои досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ҷойгир карда шуда буданд. 20 марти соли 1953 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон матоъи росткунҷа буда, аз се рахи рангаи сурх, сафед ва сабз иборат буд. Дар рахи болоии сурх назди дастаи парчам досу болғаи зарин ва болои онҳо ситораи сурхи заррин ҷойгир буд.
Баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он комиссияи махсус барои таҳияи намунаҳои нави рамзҳои давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмун эълон карда шуд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун тасвирҳои серахаро пешниҳод намуданд, ки ранги онҳо сурх, сафед ва сабз буд.
Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни масъалаҳои муҳимтарин Парчами давлатиро тасдиқ намуд. Сарвари тозаинтихоби давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми қабули вазифа чун рамзи эҳтиром Парчамро бӯсида, дар назди он қасами сулҳовари худро эълон намуданд.
Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 12 майи соли 2007 ба имзо расидааст, танзим карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2009 инҷониб санаи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2011 бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
Парчам дар ҳақиқат рамзи давлатдорӣ, шукӯҳи миллӣ, нангу номуси ватандорӣ мебошад.
Бигузор Парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад ва тавре ки дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он мо саф кашида бошем ва дар сояи он барои ояндаи неку ҷовидони Ватани азизи худ саъю талош намоем.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!