РОҲПАЙМОӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Роҳпаймоии идона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови маркази деҳоти Исфисор бо иштироки зиёда аз 7 000 нафар сокинони касбу кори гуногуни ноҳия, ҷавонону шахсиятҳои барӯманд баргузор гардид.

Иштирокдорони чорабинии идона то варзишгоҳи деҳоти Исфисор, ки дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, роҳпаймоӣ намуданд. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло мардуми ҷамъомадаро ба муносибати рӯзи эҳтиромгузорӣ ба муқадддасоти миллӣ – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки солҳои охир бунёди майдонҳои Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази шаҳру деҳоти кишвар ба ҳукми анъана даромада, айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маркази деҳоти Ҳ.Усмонов, Хистеварз, Ғозиён, Унҷӣ, Овчиқалъача ва маркази ноҳия ҷамоати шаҳраки Ғафуров дар пояи 50-55 метр Парчами давлатӣ парафшонӣ дорад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин мавзеъҳои нодиру муқаддасро эҳтиёт ва боз ҳам ободтар гардонем.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон таманниёти идонаи Раиси вилояти Суғдро қироат намуда, мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ, ки саршори эҳтирому қадршиносии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, шукуҳи чорабинии идонаро ҷолибтар гардонид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.