ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПРЕЗИДЕНТИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУДАНД
13 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 24-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 30 федератсияи варзишии аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона пазируфта шуд.
Таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар чаҳорчуби сиёсатҳои варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 11 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толорҳои варзишӣ, 97 ҳавзҳои шиноварӣ, 88 маҷмаа ва марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият мекунад.
Дар ҷаласа ҳамчунин Зулфиқор Гулаҳмадзода (ноиби якуми раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон) котиби генералӣ, Исмоили Маҳмадзоир (Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Муҳаммад Мирзоалиев (директори генералии Федератсияи лижаронии Тоҷикистон), Саодат Носирова (котиби генералии Федератсияи намудҳои варзиши гимнастикаи Тоҷикистон), Нурулло Лоиқов (мушовири Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон) ва Мунира Абдусаломова (намояндаи Комиссияи варзишгарон), аъзои дигари Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025-2028 интихоб гардида, нақшаҳои стратегӣ, кор ва буҷети Кумита барои соли 2025 тасдиқ карда шуданд
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров