МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА МУНОСИБАТИ 32-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Афсарону аскарони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирии ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди онҳо, ки шарти асосии оромиву суботи давлат ва ҷомеа мебошад, ба ҳар кадоматон комёбиҳо орзу менамоям.
Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Имрӯзҳо бо дарки зарури ҳалли муаммоҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ ҳамаи имкониятҳо ва шароитҳои мусоид барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани хизмати ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардумаш обод гаштааст ва мардум шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи ҷовидона карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигаранд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доро буда, ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи модар -Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.
Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаатон рӯзгори хушу осуда ва барори кор орзу менамоям.
Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
Раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода