АРТИШ - НЕРӮИ ТАВОНОИ МУДОФИАВӢ
Таҷлил
Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи тасдиқкардаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабинии идона ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Табрики идонаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби муовини раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ ба самъи иштирокдорон расонида шуд. Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Имрӯзҳо бо дарки зарури ҳалли муаммоҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ ҳамаи имкониятҳо ва шароитҳои мусоид барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани хизмати ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардумаш обод гаштааст ва мардум шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи ҷовидона карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигаранд.
Таманниёти идонаи Раиси вилояти Суғдро Шарифҷон Ахмедов – сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қироат намуд.
Дар вазъияти тантанавӣ роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадршиносӣ гардиданд.
Дар фарҷом барномаи омоданамудаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров