МУЛОҚОТИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО ДОНИШҶӮЁН

     

     Баҳри амалӣ намудани сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар асоси дастуру тавсияҳои Раиси вилояти Суғд ва бо мақсади шиносоии наздик аз ҳаёти донишҷӯии ҷавонони ноҳия – донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилояти Суғд таҳсил доранд, дар Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар иштирок намуда, зикр дошт, ки ҳаёти имрӯзаи кишварамон, болоравии иқтидори иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонони ояндасоз тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат маҳз аз иродаи мустаҳкам, донишу маҳорат, эҷодкорӣ ва амалҳои бунёдкоронаи ҷавонон вобастагии қавӣ дорад. Чунки кадрҳои донишманд ва мутахассисони варзидаву ватанпарасти ҷавон ба ҳалли проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нерӯи баландро соҳиб буда, дар иҷрои корҳои арзишманд нақши барҷаста мегузоранд.

Баъди суханронии Салимзода Нусратулло миёни донишҷӯён ва Раиси ноҳия саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Барои донишҷӯёни оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакпулии яквақтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастрас карда шуда, чорабинӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ анҷом пазируфт.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.