КОРНАМОИИ АБАРМАРДОНИ ВАТАН САБАҚИ ЗИНДАГИСТ
Муборакбодии
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ба муносибати 80- солагии Рӯзи Ғалаба
Ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба корнамоиҳои бемислу монанди иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ мардуми сулҳхоҳи олам 9-уми майро чун Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил менамоянд.
80 сол аст, ки мардуми сулҳхоҳи олам дар фазои сулҳу осоиш зиндагӣ доранд ва онҳоеро, бо далерию мардонагӣ бо даҳшатноктарин вабои асри ХХ – фашизм рӯ ба рӯ истода, инсониятро наҷот бахшиданд, ба некӣ ба ёд меоранд.
Ҳар қадар гузашти вақт моро аз он солҳо дуртар мебарад, ҳамон андоза аҳамият ва ҷойгоҳи Ғалабаи бузург барои сарнавишти инсоният равшантар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим будани ин санаи таърихи сарнавиштсозро дар шинохти қадри сулҳу амният ва ваҳдату ҳамзистии аҳли башар баланд арзёбӣ карда, таъкид намудаанд: “Бо гузашти солҳо арзиши муборизаву корнамои абармардони ҷабҳаҳои ҷанг дар қалбҳо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад”.
Дар ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла 20 ҳазор фарзандони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар гардида, тавассути корнамоиҳои ватандӯстонаашон дар саҳифаҳои таърих номи хешро абадан сабт намуданд. Дар баробари ин, занону шахсони куҳансол ва кӯдакону наврасон низ дар шароити ниҳоят душвор дар ақибгоҳ аҳлона заҳмат кашида, барои барои таъмини ғалаба саҳми арзанда гузоштанд, ки ҷоннисорию қаҳрамонии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд.
Дар муҳорибаҳои шадид барои ҷасорату шуҷоати беҳамто сазовори ордену медалҳои ҷангӣ гардида, 5 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуданд. Мардуми сарбаланди ноҳия хотираи неки фарзандони ҷасури худ Домулло Азизов, Фатҳулло Аҳмадов, Ҳодӣ Кенҷаев, Раҳимбой Раҳматов,Исмоил Ҳамзаалиев ва садҳои дигарро фаромӯш накардаст.
Таҷлили Рӯзи Ғалаба барои мо гиромиву муқаддас буда, чун рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату матонати бобоёну падарони шуҳратманд мебошад. Ин санаи таърихӣ дар замони имрӯза, ки бар асари таҳдиду хатари терорризму экстремизм ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб амнияти мардумро халалдор мекунанд, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Боиси тазаккур аст, ки корномаи падарони қаҳрамон ва онҳое, ки бо сари баланд аз майдони ҷанг баргаштанд, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта барои имрӯзиён ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад. Баробари ин, бо ифтихору эътимод гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари маҳбубамон чун идомадиҳандагони анъанаҳои нек, дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша омода мебошанд. Моро зарур аст, ки ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳампайвандии халқу миллатҳо бештар аҳамият дода, насли ояндасози миллатро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ тарбия намуда, дар таҳкими ваҳдату субот ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузорем.
Бо чунин таманниёти нек, ҳамаи собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори 80- умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 самимона муборакбод гуфта, саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва барори кору муваффақиятҳои бисёр таманно дорам.
Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!