Ҷамоатҳо

Унҷӣ

Ҷойгиршавии маъмурию ҳудудии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Унҷи яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии ҷамоат 2537 гектар буда, мутаносибан 23% масоҳати умумии ноҳияро ташкил медихад. Шумораи умумии аҳолии ҷамоати деҳоти Унҷӣ 46630 нафарро ташкил медиҳад.    

 

Ба ҳайати ҷамоати деҳоти Унҷӣ 7 деҳа шомил буда, дар байни онҳо деҳаи Унҷӣ  аз ҳама калонтарин мебошад ва дар он 42% аҳолии ноҳия истиқомат менамоянд. Дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ 8316 хоҷагӣ ва 30 кумитаи  маҳала ба қайд гирифта шудааст.  

Шарҳи таърихию фарҳангӣ.

Дар асарҳои таърихнигорон деҳаи Унҷӣ  ҳамчун мавзеи боғ ва макони истироҳати шаҳриён тасвир гардидааст. Шуғли асосии аҳолӣ заминдорӣ, киштукор ва боғдорӣ  буда, баъдтар  чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Аҳолии деҳа бозори шаҳри Хуҷандро бо ғалла ва пахта таъмин намуда, аз он бозорҳо барои таъмини рузғор ва пешбурди ҳунарҳои миллӣ маводи зарурӣ дастрас менамуданд.

Шӯрои қишлоқи Унҷӣ соли 1918 ташкил шудааст. Аз солҳои 50-90 ум ҷамоати Унҷӣ бо қадамҳои устувор тараққӣ намуд. Дар ин солҳо дар ҳудуди ҷамоат таҳти роҳбарии раиси овозадори  колхоз (баъдан  колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) ду карат Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ С.Ӯрунхоҷаев  муваффақиятҳои  беназир ба даст оварда шуд. Дар он солҳо колхоз яке аз хоҷагиҳои пешқадамтарини вилоят ва республика ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ (аз он ҷумла пахта, пилла, гушт ва шир) пешқадамтарин ба шумор мерафт. Дар он солҳо рафти босуръати ободонии деҳот ва фазои ичтимоӣ ва мадании аҳолии он тараққӣ намуда, то ба имруз идома дорад.

Дар ин давра инфрасохтор ва бахши иҷтимоӣ - фароғатии маҳал хеле пеш рафта буд, ки заминаи рушди иµтидори он гашт. Масалан, соли 1957 бо ташаббуси худи ӯрунхоҷаев, қасри «Арбоб», ки нусхаи Кохи Петр I дар Ленинград буд, сохта шуд.

Маҳз дар ҳамин қаср соли 1992 сессияи ҳаётбахши таърихӣ барои халқи Тоҷикистон – XVI иҷлосияи Шӯрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Ин қасри зебо айни замон иншооти таърихö ва ҷойи истироüат барои меҳмонони хориҷӣ ва истиқоматкунангони маüалл ва дигар минтақаҳо мебошад.

Шароитҳои иқлимӣ ва захираҳои табиӣ

Иқлими ҷамоат хушки континенталӣ буда, миқдори солонаи боришот дар он  200-300 мм мебошад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон аз  25◦ то 40◦ гарм ва дар фасли зимистон  то  -10◦ хунук мешавад. Ҳосилнокии заминҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоат дар сурати мавҷудияти миқдори зарурии намӣ ва таъсири ҳаҷми оби Сирдарё вобастагӣ дорад ва бо ин восита ба нақшагирии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ муайян карда мешавад. Иқлими ҷамоат барои  пахтакорӣ, ғаллакорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ, боғу токпарварӣ ва  кирмакпарварӣ мусоид мебошад. 

Дар ҳудуди ҷамоат канданиҳои фоиданок мавҷуд нест. Манбаи оби дар ҷамоат истифодашаванда чоҳҳои амудӣ, қисман хатҳои оби нӯшокӣ ва оби ҷӯйбору наҳрҳо мебошанд.

Маҳали  аҳолинишин

 

 

Унҷи

 

 

Сафедтеппа

 

 

Арбоб

 

 

Қишлоқиҷон

 

 

Матаиб

 

 

Даштак

 

 

Оқариқ

 

 

Ҳамагӣ:

 

 

 

Овчиқалъача

Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача яке аз Ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд буда, дар қисми чануби ғарбии ноияи Бобоҷон Ғафуров, дар сарҳади Ҷумҳурии Қиргизистон соҳили сойи Хоҷабоқирғон ҷойгир шудааст. Аҳолии Ҷамоат 22191 нафарро ташкил медиҳад. Масоҳати умумиаш –  581, 4 га ташкил медихад.

Сохти маъмурии Ҷамоат

Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача деҳаҳои Каълача, Овчи,  Шайхон, Мичурин, Дехнав, Себзор, Пахтаобод ва (Янгимехнат) дохил мешаванд. Дар байни ин деҳаҳои Калача, Овчи, ва Шайхон сернуфузанд (76,5 %-и аҳолӣ). Дар Ҷамоат  4468  хочагии  мавҷуд буда, 10  Кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд. (Ҷадвали 1).

Дехахо

 

 

Каълача

 

 

Овчи

 

 

Шайхон

 

 

Мичурин

 

 

Дехнав

 

 

Пахтаобод

 

 

Себзор

 

 

Янгимехнат

 

 

 

 

 

Тафсири таърихию маданӣ.

    Ҷамоати Овчиқалача дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир ва дар соли 1925 таъсис дода шудааст.   

Зичии аҳолӣ 22 нафар дар 1 км2 ташкил медихад, ва маркази маъмурӣ чамоат дехаи Қалъача мебошад. Чамоати Овчикалача аз чануб бо нохияи Лайлаки Ҷумхурии Киргизистон, аз ғарб бо Ҷамоати Унҷӣ, аз шимол бо Хистеварз, аз шарк бо ноҳияи Ҷ.Расулов хамсархад мебошад. Масофаи байни Овчиқалъача то шаҳраки Ғафуров 16км, то Хуҷанд 30км, то Фурудгох 15 км.

Дар муддати солхои 1941 то соли 1957 кишлоки Овчиқалъачаро Чкалов меномиданд. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 14- майи соли 1941 дар вилояти Ленинобод нохияи Овчикалъача ташкил карда шуд, ки марказаш дехаи Овчикалъача буд. Мувофики кисми дуюми ин Указ дехаи Овчиқалъача минбаъд Чкалов номида шуд. Бо Укази Президиуми Совети олии РСС Точикистон аз 19 сентябри соли 1950 нохияи Чкалов бархам дода шуда, каламрави он ба нохияи Ленинобод шомил карда шуд.

Баъдтар Президиуми Совети Олии РСС Точикистон илтимоси Кумитаи ичрорияи Совети депутатхои мехнаткашони вилояти Ленинободро ба назар гирифта бо Укази худ аз 18- апрели соли 1957 Совети кишлоки Чкаловро бо номи пештараи он Совети кишлоки Овчиқалъача номгузорӣ намуд.

Дар Ҷамоат ду Ассосиатсияи хочагихои дехкони (АХД « ба номи Р.Қосимов, АХД « Хоҷабақирғон») мавҷуд аст, ки ба 529 хочагии дехкони ва 175 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ таксим шудааст, хоҷагии Ниҳолпарварии ба номи Ғ.Масаидов, ИФСБС Боғпарвар, 1-заводи хиштбарорӣ, 1-заводи коркарди битон, 13-  нуқтаи савдо, 21- нуқтаҳои хуроки умумӣ, 42- нуқтаи хизмати маишӣ, 6 мактаб, 1 МТИ №5, 1 Кӯдакистони №6,   3 китобхона, 1 клуб, 1 беморхонаи ноҳиявии №7, 3-маркази саломатӣ ва 3 хонаи саломатӣ, 7- чойхона фаъолият мебаранд

Шароити захираҳои табиии  ва мавқеи ҷуғрофӣ  

Ҷамоат дар манзараи қадди сойи Хоҷабақирғон ҷойгир гардида, иқлими бодуҳавояш хушк дорад. (ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон аз 25 то 40 ва дар фасли зимистон то -20◦-ро ташкил медиҳад.) Дар ҷамоат мавҷуд будани замини ҳосилхез ва оби сойи Хоҷабақирғон тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарвариро муайян намудааст. Дар Ҷамоат ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст.

Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150-300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Дар ҳудуди Ҷамоат, дар доманаҳои сойи Хоҷабақирғон тӯдаи шағал мавҷуд аст, ки имконияти ба даст овардани шағали сохтмонӣ шароит фароҳам меорад.

Тенденсияи асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Асоси иқтисодиёти ҷамоатро хоҷагии қишлоқ ташкил медиҳад, ки дар он 80%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии қишлоқи деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта ташкил медиҳад. (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ).

Дар чамоат беморхона  №7,  3-маркази  саломатӣ  ва 3 хонаи саломатӣ     дар хизмати халқ мебошад. Дар Ҷамоат 6 мактаби таҳсилоти умуми, 1-гимназияи хусусӣ 1 муассисаи тахсилоти иловагӣ  ва 1 кӯдакистон фаъолият доранд.

Дурнамои Ҷамоати Овчиқалъача

Ҷамоати Овчиқалъача яке аз манбаъҳои кадрии ноҳияи Б.Ғафуров ба хисоб меравад ва сарчашмаи оби тозаи нушокӣ дар вилояти Суғд мебошад. Ҷамоат истеҳсолкунандаи маҳсулотхои баландсифати хочагии кишлок мебошад ва  мардуми Ҷамоат бо кор таъмин мебошанд. Хамчунин  ҷамоат минтақаи истироҳатӣ ва фароғатӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад.

Исфисор

Ҷамоати деҳоти 

Тақсимоти ҳудудию маъмурии ҷамоат. Ҷамоати деҳоти Исфисор яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, масоҳати умумии он 15,9 ҳазор м2 – ро ташкил медиҳад, ки ба11% масоҳати умумии ноҳия баробар аст.  Ба ҳайати ҷамоати деҳоти Исфисор  7 деҳа шомил буда, аз ҳама калонтарини он деҳаи Исфисор  (68% аҳолӣ)  ба шумор меравад. Дар ҷамоат 7,1 ҳазор хоҷагӣ ва 28 кумитаи маҳала ба кайд гирифта шудааст. 

Расми 1. Харитаи тақсимоти ҳудудиву маъмурии ҷ.д. Исфисор

Тафсифи таърихию фарҳангӣ.

Дар асарҳои таърихнигорон деҳаи Исфисор ҳамчун чорроҳаи роҳи савдои водии фарғона тасвир ёфтааст. Шуғли асосии аҳолӣ, ин заминдорӣ, кишту кор ва боғдорӣ буда, баъдтар  чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Аҳолии деҳа бозори шаҳри Хуҷандро бо ғалла ва пахта таъмин намуда, аз он бозорҳо барои таъмини рӯзғор ва пешбурди ҳунарҳои миллӣ маводи зарурӣ дастрас менамуданд.

Шӯрои қишлоқи  Исфисор соли  1936  ташкил шуда,  дар  солҳои 70 – 90 – ум  ба натиҷаҳои назарас ноил гашт. Дар ин солҳо дар ҳудуди ҷамоат таҳти роҳбарии раиси овозадори  колхоз (баъдан  колхози ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев) муваффақиятҳои беназир ба даст оварда шудааст.

Шароитҳои иқлимӣ ва захираҳои табиӣ. Иқлими чамоат хушки континенталӣ буда, гармии ҳарорат дар тобистон аз  25◦ то 40◦ ва дар фасли зимистон  то  -10◦ хунук мебошад. Исфисор дар ҳамвориҳои соҳили чапи дарёи Сир, водии Фарғона чойгир шудааст,

Ҷадвали 1.

Маҳали аҳолинишин

 

 

М. Горкий

 

 

Маданият

 

 

Шухак

 

 

Фаровон

 

 

Гулистон

 

 

Ҷавонӣ

 

 

Исфисор

 

 

Ҳамагӣ:

 

 

Ахолии ин ҷамоат гуногун миллат буда, қисми асосии онро ӯзбекон ташкил мекунанд.

Диаграмаи 1 . Сохтори этникии ҷамоат

 Ҳисоби миёнаи умри аҳолии ҷамоат 49 сол аст. Дар ҳайати умумии аҳолии ҷамоат қисми зиёдро шахсони миёнсол ва ҷавонон ташкил менамояд. 

Дар се соли охир шумораи аҳолии ҷамоат то се ҳазор нафар зиёд гардидааст, ки суръати афзоиши он 1,7 фоизро ташкил медиҳад, ки дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ва стратегии Барномаи  рушд ба ҳисоб меравад.

                

Исмоил

Ҷамоати деҳоти Исмоил яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми марказии шимолу шарқии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, аз шаҳри Хуҷанд 30 км ва то маркази ноҳия 27 км дуртар, дар тарафи рости  обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст.

Сохти маъмурии – ҳудудии Ҷамоат

Ба ҳайъати Ҷамоати деҳоти Исмоил деҳаҳои  Султонобод,   Шамсобод, Чордара, Қалъаи кӯҳна, Равот, Дӯстӣ, Пилол, Уяс, Сабзазор, Гулобод, Саричашма, Терак, Қурғонча, Қарочингил, Оламтоб ва Шоқадам дохил мешаванд. Дар байни ин деҳаҳои  Шамсобод Чордара, Қалъаи кӯҳна, Равот, Дӯстӣ, Пилол, Уяс  аз ҳама сернуфузтарин ба ҳисоб рафта, 63%-и аҳолии ҷамоат истиқомат мекунанд. 

1.2. Тафсири таърихию маданӣ

Маълум аст, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, солномаро дорост. Деҳаи Сомғор низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Сомғор аз қадимтарин деҳоти атрофи шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. 

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Исмоил мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии   № 3, 9, 43, 46, 52, 59, 81, 64  фаъолият мебаранд, инчунин Беморхонаи нохиявии №6, 2-марказҳои саломатӣ, корхонаи коммуналии «Ободкор» ба мардум хизмат мерасонанд.

Инчунин, мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, клуб, чойхона, китобхона,  тӯйхона барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хизмат мебошанд.

Дар Ҷамоат 3  нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 4 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 69 – нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 1200 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат бо 1 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва   1 – нафар Қаҳрамони меҳнат фахр мекунад.

Шароити  захираҳои табиӣ  ва мавқеи ҷуғрофӣ

Манзараи  даштӣ,  иқлими хушк  (ҳарорати миёна дар  фасли тобистон аз 25 ◦С то 35◦С  ва фасли зиминстон то -20◦С). Замини ҳосилхез  ва мавҷуд будани об  тамоюли  соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонагӣ, меваю сабзавот ва ангурпарварӣ  муайян мекунад. Дар ин ҷо ҳамчунин  пиллапарварӣ   тараққӣ ёфтааст.

Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150 – 300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Дар ҳудуди ҷамоат тӯдаи шағал мавчуд аст, ки имконияти ба даст овардани шағали сохтмониро фароҳам меоварад. 

Дар ҳудуди ҷамоат канданиҳои фоиданоки оҳан, тилло, қӯрғошим мавҷуд аст.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.