Ҷамоатҳо

Зарзамин

Сохти маъмурии – ҳудудии Ҷамоат

Ҷамоати Зарзамин дар қисми шарқи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, вокеъ мебошад. 9 маҳаллаҳо (Поселкаи нав, Гулистон, Ҷамбул, Навруз, Навбаҳор, Тоҷикистон, Ҷавғал, Поён, Тоштеппа ) иборат буда, масоҳати умумиаш – 11322га. ташкил медихад. Чамоат бо Ҷамоатҳои Хистеварз, Исфисор, шаҳраки Ғафуров ва шаҳри Қайроққум ҳамсарҳад мебошад.

Чадвали №1. Шумораи аҳолӣ, хоҷагиҳо ва маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Зарзамин

Маҳалла

 

 

Ҷамбул

 

 

Поселкаи нав

 

 

Тоштеппа

 

 

Поён

 

 

Навбаҳор

 

 

Ҷавғал

 

 

Гулистон

 

 

Тоҷикистон

 

 

Наврӯз

 

 

Дусти

 

 

Меҳнатобод

 

 

Ҳаммаги

 

 

Тавсифи таърихию фарҳангӣ.

Ҷамоати деҳоти Зарзамин таърихи начандон тӯлони дорад. Заминаи таъсиси ҷамоат муҳоҷирони тарафи чаппи дарёи Сир мебошанд. Аҳолии деҳаи Хистеварз ва шаҳри Қайроққум охирҳои асри XIX-и мелодӣ ба шумор меравад. Мардуми деҳқон барои кушодани заминҳои нави корам ба ин минтақа муҳоҷират намуда, қитъаҳои заминҳои киштбобро азхуд намуда кишти зироатҳои гуногун, аз ҷумлаи пахта, шолӣ, полезиҳо ва сабзавот кишт менамуданд. Бо гузашти мурури вақт доираи  заминҳои корам васеъ гашт ва баъди инқилоби Октябр ва дар давраи ташкили хоҷагиҳои коллективӣ ин заминҳо ба ихтиёри колхози Ленин ва баъдан ба ихтиёри колхози Коммунизм гузашт.

Бинобар васеъ гаштани заминҳои корам аз ҳисоби заминҳои дашти массивии Сомғор, ки боғҳои мевагию ангур ташкил гаштанд, соли 1988 баъди якҷоя намудани хоҷагиҳои хурд ба ихтиёри колхози О Убайдуллоев гузаронида шуд. Баъдан Ҷамоати Зарзамин (собиқ  қишлоқи «Қатаған») таъсис дода шуд.

1.3.  Шароити  захираҳои табии  ва мавқеи ҷуғрофӣ

Ҷамоати деҳоти Зарзамин дар ҳамвориҳои соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шуда, иқлимаш хушк мебошад (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз 25 то 40 ва фасли зиминстон то -20◦). Миқдори миёнаи боришот  ба ҳисоби миёна 150-300 мм ро ташкил менамояд.

Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани захираҳои обии дарёи Сир барои кишоварзӣ ва махсусан парвариши ғаладона, пахта, пила, сабсазовткорӣ, шолй, боғу токзор ва чорводорӣ мувофиқ меҳошад.

Ҳудуди чамоат аз захираҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг, хок, шағал, рег) бой мебошад.

Дурнамои Ҷамоати  Зарзамин

«Ҷамоати Зарзамин маркази пешрафтаи соҳаи деҳқони тараққикарда ва маркази пешқадами соҳаи соҳибкории хуруду миёна мебошад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири худро гузоштааст. Аҳолии ҷамоат аз инфрасохтори мусоиди иҷтимоӣ, вазъи хуби муҳити зист баҳраманд буда хушбахту осудаҳолона умр ба сар мебаранд.

 

Ёва

Ҷамоати деҳоти Ёва

Тафсири таърихию маданӣ

Маълум, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таъриху солномаро дорост. Деҳаи Ёва низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Ёва аз қадимтарин деҳоти атрофии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Ёва дар манбаҳои таърихӣ ва фарҳангномаҳо, ки аз ҳама қадимтарини онҳо китоби муқаддаси «Авесто» мебошад ва қисматҳои аввалиаш 3000 сол пеш навишта шудаанд, калимаи Ёва маънои «ғалладона» - ро ифода менамояд. Дар қисмати «Вандидот» - и ин китоб, борҳо калимаи «Ёва» дучор мешавад. Калимаи «Ёва» ба маънои ғалладона ва ғаллазор то имрӯз дар забони шуғнонӣ, низ истифода мешавад.

Аз ин рӯ, ин далелҳоро метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки номи деҳаи Ёва аз калимаи туркии «ёв», ё аз калимаи «ёвар» набуда, аслан дар забонҳои авастоӣ ва форсии қадим дар шаклҳои «ява» истифода мешудааст ва маънии ғалла ва ғаллазорро ифода мекардааст. Агар ба мавқеи ҷуғрофии ин деҳа эътибор диҳем, макони ғалладона будани он тасдиқ мегардад. Аз замонҳои қадим аз дили ин деҳа рӯди такоб ҳоло Хоҷабақирғон меноманд, ҷорӣ буд.

Деҳоти Ёва 26 феврали соли 1918 ташкил карда шудааст.

Шароити  захираҳои табиӣ  ва мавқеъи ҷуғрофӣ

Манзараи  даштӣ,  иқлими хушк  (ҳарорати миёна дар  фасли тобистон аз 250 то 400 ва дар фасли зимистон то -200) - ро ташкил медиҳад. Замини ҳосилхез  ва мавчуд будани об (сойи  Хоҷа - боқирғон ва Канали Калони Фарғона 1 ва 2)  тамоюли  соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарвариро  муайян мекунад. Дар ин ҷо ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст.

Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150-300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Тамоюлҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Асоси иқтисодиёти Ҷамоатро хоҷагии деҳқонӣ ташкил медиҳад, ки дар он 64%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии деҳқони Ҷамоати деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта ташкил медиҳад. (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ).

Наздикии Ҷамоат ба маркази шаҳри Хуҷанд – ба бозори «Панҷшанбе» шароит фароҳам меоварад, ки сокинон саривақт ва бе вайроншавии сифати маҳсулот ба харидорон маҳсулоти хоҷагии қишлоқро пешниҳод намоянд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва хоҷагии деҳқонӣ, хоҷагии инфиродӣ, (заводи хиштбарорӣ), корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 10, 22, 31, 33, 47, 48, 49, 60, ва 68, мактаби хусусии «Сафина», Маркази таълимии №1 ва МТИ №4, Беморхонаи минтақавии №2, марказҳои саломатии «Ёва», «Тошлоқ», «Сирдарё», хонаи саломатии «Навобод», «Ҳаёти нав» ба мардум хизмат мерасонанд.

Инчунин, мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, сартарошхона, клуб, чойхона, китобхона, тӯйхонаҳо барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хизмат ҳастанд.

Дар Ҷамоат имрӯз 1 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 44 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 35 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 88 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд.

Биниши мазкур дар асоси таҳлили тарафҳои пурқувват ва камқуввати рушди Ҷамоат ба назардошти омилüои таъсиррасони рушд тартиб дода шудааст.

Дадобой Холматов

Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов таърихи начандон тӯлони дорад. Заминаи таъсиси ҷамоат муҳоҷирони тарафи чаппи дарёи Сир, аҳолии деҳаҳои Рӯмон, Кулангир ва Унҷӣ (ҳозира Ҷамоатҳои Ҳ.Усмонов ва Ҷамоати Унҷӣ) охирҳои асри 19-и мелодӣ ба шумор меравад.

Мардуми деҳқон  барои кушодани заминҳои нави корам ба ин минтақа муҳоҷират намуда қитъаҳои заминҳои киштбобро азхуд намуда, кишти зироатҳои гуногун, аз ҷумлаи пахта, шолӣ, полезиҳо ва сабзавот кишт менамуданд. Бо гузашти мурури вақт доираи  заминҳои корам васеъ гашт ва баъди инқилоби Октябр ва дар давраи ташкили хоҷагиҳои коллективӣ ин заминҳо ба ихтиёри колхози Молотов ва баъдан ба ихтиёри колхози Москва гузашт. Бинобар васеъ гаштани заминҳои корам аз ҳисоби заминҳои дашти Сомғор, ки боғҳои мевагию ангур  ташкил гаштанд, соли 1957 ин минтақа баъди якҷоя намудани хоҷагиҳои хурд ба ихтиёри колхози ӯрунхӯҷаев гузаронида шуд ва баъди як сол бинобар таъсиси  Ҷамоати Д.Холматов (собиқ Шӯрои қишлоқи «Пахтакор ») совхози боғу токпарварии «Сомғор» таъсис дода шуда, ба таъкурсиҳои аввалин хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Сумчаки нав ва Куйбишев (Заркорон) заминагузорӣ карда шуданд, аҳоли аз ноҳияи Шаҳристон ва деҳаҳои атроф ,Сомғор, Унҷи, Рӯмон ва Кулангир муҳоҷирони меҳнатӣ барои зисту фаъолият кӯчида омаданд.   Дар ташкил ва рушди ин минтақа яке аз асосгузорон - Дадобой Холматов, деҳқони асил ва сониян яке аз фаъолони ҳаракати колхозии дар таърихи ҷумҳурӣ номдор, саҳми бузургеро гузоштааст ва соли 2001 собиқ Шӯрои қишлоқи «Пахтакор» ба номи ин марди бузург номгузорӣ карда шуд.

Шароити  захираҳои табиӣ  ва мавқеи ҷуғрофӣ  

Ҷамоати деҳоти Д.Холматов дар ҳамвориҳои соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шуда, иқлимаш хушк мебошад  (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз 25 ◦ то 40◦  ва фасли зиминстон то -20◦). Миқдори миёнаи боришот ба ҳисоби миёна 150-300 мм - ро ташкил менамояд.

Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани захираҳои обии дарёи Сир барои кишоварзӣ ва махсусан парвариши ғаладона, пахта, пила, сабсазовткорӣ, боғу токзор ва чорводорӣ мувофиқ мебошад.

Ҳудуди чамоат аз захираҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг, хок, шағал, рег) бой мебошад.

 Вазъияти демографии Ҷамоат

Аҳолии чамоат мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 01.01.2015 сол 12994  нафарро ташкил намудааст. Суръати солонаи афзоиши аҳолии чамоат дар  соли 2015 нисбати соли 2014 0.816 хазор нафарро  ташкил медиҳад. Дар ҷамъбасти соли 2014  шумораи мардон 6458 нафар ва занҳо 6536  нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолии ҷамоат 448 нафар аҳолӣ ба 1 км2 ро ташкил менамояд.

Дар Ҷамоат 2400 хоҷагӣ мавҷуд буда, ба 3 деҳаи калон ва 6 дехачаи хурд тақсим карда шудааст.   

            Асоси иқтисодиёти Ҷамоатро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки дар он 80%-и аҳолӣ машғул аст. Хоҷагиҳо ва аҳолии ҷамоат асосан бо истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва ангур машғул мебошанд (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ)

Ҷамоати Д. Холматов маркази пешрафтаи соҳаи боғу токпарварӣ, саноати тараққикарда ва маркази пешқадами соҳаи соҳибкории хуруду миёна мебошад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири худро гузоштааст. Аҳолии ҷамоат аз инфрасохтори мусоиди иҷтимоӣ, вазъи хуби муҳити зист баҳраманд буда хушбахту осудаҳолона умр ба сар мебаранд.               

Дурнамои  мазкур аз руи таҳлили тарафҳои манфию мусбии  рушт ва  имконияту хавф коркард шудааст.

 

Ғозиён

Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми маркази ғарбии ноҳия, дар канори шаҳри Хуҷанд соҳили сойи Хоҷа-боқирғон ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 503,83га ташкил медихад. Шумораи аҳолӣ 19340 нафарро ташкил медиҳад.

Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат

Ба хайъати маъмурии чамоати деҳоти Ғозиён, деҳаҳои Қаҳрамон, Ғозиён-1,Ғозиён-2, Гумбаз, Седаста, деҳаи Боло, Деҳаи Поён, Чорсу-1, Чорсу-2 ва Қотма дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 2783  хоҷагӣ мавҷуд буда, 8  кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд. 

Тафсири таърихию маданӣ

Маълум, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, солномаро дорост. Деҳаи Ғозиён низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне, ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Ғозиён аз қадимтарин деҳоти атрофии шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Ғозиён аз давраи тасаллути Ислом дар атрофи Хуҷанд номи худро чун пойгоҳи «Ғозиҳо» (ҷанговарони роҳи дини мубини ислом) аз ҳамин калима гирифтааст. Яъне ҳудуди ҳозираи деҳа он вақт макони исти лашкари араб будааст. Азбаски, идораи Шӯрои деҳоти Ғозиён дар маркази он ҷойгир шуда буд, чунин номида шудааст.

Шӯрои қишлоқи Ғозиён ё бо ибораи имрӯза – Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар асоси Фармони Президиуми Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистӣ Тоҷикистон аз 5 январи соли 1965 ташкил ёфтааст. То ин сана Ҷамоати деҳоти Ғозиён дар ҳайати Ҷамоати Ёва буда, аз ҳамон рӯз мустақил гардид.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғозиён  18 хоҷагии деҳқонӣ, зиёда аз 80-нафар саҳмдорон, 10 хоҷагии инфиродӣ, 3 заводи хиштбарорӣ, 4 заводи сангрезакунӣ, 1 заводи асфалтбарорӣ маҳсулоти хушсифати кишоварзиву саноатӣ истеҳсол намуда , мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, 20, 21 ва 62, мактаби хусусии «Амид», 5 боғчаи бачагона, марказҳои саломатии «Ғозиён», «Чорсу», «Қотма», хонаи саломатии «Деҳаи Поён», Корхонаи давлатии комуналии «Ғозиён», ду муассисаи клубӣ, 1 китобхона, филиали амонатбонк, алоқаҳои мобилӣ, радиоузели маҳаллӣ 5 нуқтаи бо сӯзишворӣ таъминкунандаи нақлиётӣ, ду тарабхона, 7-адад хатсайрҳои дохилӣ ва наздишаҳрӣ нуқтаҳои   хизматрасонии маишӣ, савдо ва хӯрокворӣ, нонвойхонаҳо, таъмири пойафзол, таъмири нақлиёт ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар ҷамоат имрӯз 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афгонистон, 5 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 26 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 800 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат бо 15 нафар қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ фахр мекунад, ки аз онҳо 3-нафарашон занон мебошанд.

Ҷамоат дар манзараи даштии нишебкӯҳи Рухак ҷойгир гардида,  иқлими бодуҳавояш хушк  дорад. (ҳарорати миёнаи ҳаво дар  фасли тобистон аз 25 ◦ то 40◦ ва дар фасли зимистон то -20◦-ро ташкил медиҳад.) Дар ҷамоат мавҷуд будани замини ҳосилхез ва оби сойи Хоҷа-бақирғон тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот, шоликорӣ ва ангурпарвариро муайян намудааст. Дар Ҷамоат ҳамчунин  пиллапарварӣ  тараққӣ ёфтааст.

Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150-300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Аҳолии Ҷамоат 19340  нафарро ташкил медиҳад, ки аз он шумораи занхо 9185 нафарро ташкил медиханд. Деҳаҳои Чорсу, Ғозиён ва Дехаи Боло яке аз вохидхои сернуфузтарини чамоат ба шумор рафта 56%-и аҳолиро ташкил медиҳад. 

Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Ғозиён

Деҳаҳо

Шумораи хоҷагӣ

Шумораи аҳолӣ

1.

Қаҳрамон

345

 

2.

Ғозиён

573

 

3.

Гумбаз

132

 

4.

Седаста

186

 

5.

Деҳаи Боло

495

 

6.

Чорсу

567

 

7.

Деҳаи Поён

225

 

8.

Қотма

260

 

 

Ҳамагӣ:

2783

 


Аз ҷиҳати этники Ҷамоат гуногунмиллат мебошад.

Ҷадвали 2. Аҳолии Ҷамоат аз рӯи миллат

Миллат

Фоиз %

тоҷикон

99%

Дигар миллат

1%

Ҳамагӣ

100%


Қайд кардан мумкин аст, ки аз сабаби деҳаи Ғозиён ба шаҳри Хуҷанд наздик буданаш, аҳолии Ҷамоат бо шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд алоқаи зичи хешу таборӣ ва хонадоршавӣ доранд.

Асоси иқтисодиёти Ҷамоатро хоҷагии қишлоқ ва соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки дар он 61%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии қишлоқи деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта ташкил медиҳад. (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ).

Вуҷуд надоштани заминаи модди-техникӣ, фарсуда будани таҷҳизотҳо, сифати Наздикии Ҷамоат ба маркази шаҳри Хуҷанд – ба бозори «Панҷшанбе» шароит медихад, ки сокинон саривакт ва бе вайроншавии сифати маҳсулот ба харидорон махсулоти хочагии кишлокро пешниход намоянд.

Сокинони Ҷамоат аз хизмати се Маркази саломатӣ ва як Хонаи саломатӣ истифода мебаранд.

Ҷамоати Ғозиён – маркази саноати аграрӣ, ки обу ҳавои тоза ва инфрасохтори инкишофёфта дорад. Аҳолии ҷамоат мутахассисони баландихтисосанд, ки барои талаботи  бозори меҳнат чавобгу ҳастанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.