Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилоят дар мавзеи Султонободи Ҷамоати деҳоти Зарзамин бо рафти бунёди боғи интенсивӣ шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ дар 300 гектар боғ ташкил карда мешавад.
Дар марҳилаи аввал ташкили боғ дар 100 гектар ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ҷараён дорад.