
Дар вазъияти имрӯза ки тамоми ҷаҳонро фазои вайронкунандаи мафкураи мардум, ки бо ҳар роҳу усул ва махсусан тариқи расонаҳои муосири хабарии шабакаҳои интернет таъсири манфӣ расонида истодааст, густариш бахшидани фаъолияти мақсадноку дурбинонаи соҳибмаърифатони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷамоатҳо, ходимони дин, омӯзгорону собиқадорони меҳнат, занону ҷавонони фаъол тақозои замон аст.
Дар арафаи ҷамъбасти фаъолияти соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими қадршиносии фаъолони гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Санаи 31 декабри соли 2020 дар вазъияти тантанавӣ ба 45 нафар фаъолони гурӯҳҳои тарғиботӣ сипосномаҳои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.