МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

         Тибқи нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи ҷашни фархундаи 30 - солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон баргузор гардид.

    

    Мирзозода Мавлуда Зайнӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров №14» ва Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич - вакил аз ҳавзаи интихоботии «С.Урунхоҷаев №15» бо мардуми ноҳия оид ба санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату гарму самимӣ баргузор намуданд.

Зикр карда шуд, ки Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд.

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро Сарвари давлати худ интихоб намояд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.