ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

          Дар Муассисаи таълимии давлатии литсейи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.

Нахуст вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашти вилояти Суғд оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.

Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Хуҷанди вилояти Суғд” шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, ба таҳсили иловагӣ ҷалб намудани хонандагон, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, фарогирии хонандагони синфи 9 ба 10 ва аз таҳсил дурмонда, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда муовини раиси вилояти Суғд ва раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод кард. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем,аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем,

Ҳамчунин, дар фарҷом вобаста ба фаъолияти хуби якчанд самтҳои корӣ шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо туҳфаи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илм, 10 нафар собиқадори соҳа ва 20 нафар кормандони техникии муассисаҳои таълимӣ ба туҳфаи яквақтаинаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.