МАРОСИМИ ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури омӯзгорон ва ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ изҳор дошт, ки рушду нумўи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти он ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва бедор намудани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш давоми чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида мешаванд.
Соли ҷорӣ низ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-480 ва дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 19 январи соли 2024, №19 ба тасвиб расид.
Тибқи Қарори Раиси вилоят барои ташкил ва баргузории озмуни мазкур, қадршиносӣ намудани ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин даври озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, 643 ҳазору 410 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар асоси Низомномаи озмун давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон даври якум ва дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, дар он 91 ҳазору 612 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун 1330 нафар роҳхат гирифтанд.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакона, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва наср баргузор гардид.
Ҳайати ҳакамон дар доираи талаботи озмун оид ба азёд ва мутолиа намудани осори манзуму мансур ва таълифи осори бадеии манзуму мансур маҳорат, малака ва истеъдоди иштирокдорони озмун баҳои воқеӣ доданд.
Дар ҷамъбаст 126 нафар довталаб, аз ҷумла 18 нафар аз номинатсияи кӯдакона, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти классикӣ, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти муосир, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон, 18 нафар аз номинатсияи эҷоди назм ва 18 нафар аз номинатсияи эҷоди наср ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд.
Аз ин лиҳоз, устодону омӯзгоронро зарур аст, ки барои тайёр намудани шогирдон барои озмунҳо ва дар ин замина тарбияи маънавии насли наврас беш аз пеш талош намоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун ва устодони онҳо мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд