БА 60 НАФАР ЗАНОНУ ДУХТАРОН ГРАНТҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД СУПОРИДА ШУД

      Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд ба бонувони ҳунарманд баргузор гардид.

    Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани грантҳо иброз дошт, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, соҳибҳунар намудани занону духтарон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бобати рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ гранти Президентӣ ҷудо карда мешавад, ки маблағи он аз 10 то 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Соли 2024-ум 24 нафар бонувони вилоят бо пешниҳоди лоиҳаҳо ба гирифтани гранти Президентӣ сазовор шуданд.

Дар вилоят низ грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занон таъсис ёфта, занони ҳунарманди вилоят солҳои 2010-2023-юм 4 миллион сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуданд ва дар баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаашон, ҳамчунин барои занону духтарони дигар низ ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис доданд.

Соли ҷорӣ баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» 60 адад гранти Раиси вилоят, аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба комиссияи грантҳои Раиси вилоят 138 лоиҳаи дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, гулпарварӣ ва амсоли инҳо ворид гардид.

Занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағи грант ҳаҷми фаъолияти коргоҳашонро васеътар кунанд, аз 10 то 20 нафар бонуро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд.Тибқи лоиҳа зиёда аз 550 нафар бонувон бо кору омўзиш фаро гирифта мешаванд.

Қобили қайд аст, ки бо иқдом ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят рушд меёбанд ва алҳол 288 маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла 108 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва 180 маркази намудҳои дигари ҳунарҳо фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30 ҳазору 837 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд. Ҳамзамон, дар вилоят 40 сехи дўзандагӣ амал мекунад, ки ба амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд.

Раиси вилоят ба 60 нафар бонуи ҳунарманди вилоят грантҳоро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини вилоят бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои арзандаи корӣ ва таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат ва ватанпарастӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.