ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)

       

    Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) баргузор гардид.

 Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода кори иҷлосияро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи имрӯза муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода иштирок дорад. Баъди қироат шудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи масъалаҳои баррасишаванда барои тасдиқ ба овоз гузошта шуд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Ҳисоботи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ёздаҳ моҳи соли 2024» вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Аминҷон Шарифзода ва Малика Қосимова, инчунин сардори раёсати кишоварзии ноҳия Абдураҳмон Каримов музокираронӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Маҷлис «Оид ба тасдиқи буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2025» гузориши сардори раёсати молия дар ноҳия Ҳаким Шарифзода ва маърӯзаи иловагии раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ ва буҷетӣ Мастура Комилӣ шунида шуд.

Доир ба масъалаи «Муқаррар намудани меъёри андозҳои маҳаллӣ ва рекламаи берунӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2025» сардори нозироти андози ноҳия Баҳоваддин Турдиев маърӯза пешниҳод намуд. Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Дилафрӯз Ҷабборова шунида шуд.

Оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузориши муовини раиси ноҳия Фирдавс Абдуллозода шунида шуд. Ҷиҳати тасдиқ намудани нақшаи муфассали тарҳрезии қисми марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Феҳраст Нодиров ахборот пешниҳод намуд.

Аз рӯи масъалаи «Оид ба номгузорӣ» муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода суханронӣ намуда, хулосаи комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро оид ба иваз намудани номи Муассисаи давлатии рӯзномаи «Хуҷанд» - нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба номи «Парвозгоҳи бузургон» шарҳу тавзеҳ дод.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори раиси ноҳия дар бораи аз нав таъсис додани Комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз тарафи муовини якуми раиси ноҳия Ҳомид Ҳакимзода шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қабул карда шуданд.

Бо вазифагузорӣ оид ба омодагӣ ба Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 ва қироат гардидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пушида эълон карда шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.