ДЕҲОТИ КАҲРАМОНОН: ТАБОДУЛИ АФКОР БО СОКИНОН

Гуруҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Халифаёр Парвиз, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ҳоҷибоева Ӯғулой, мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия Темиров Улуғбек, сардори раёсати Агентии менат ва шуҳли аҳолӣ дар ноҳия Искандаров Фирӯз, намояндаи кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Солиева Муяссара, намояндаи шуъбаи ноҳиявии КДАМ Каримов Комил, нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳия ва роҳбарияту масъулони Ҷамоати деҳоти Ғозиён бо сокинони деҳоти Каҳрамонони ҷамоати Ғозиён мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Тарғиботчиён зимни мулоқотҳо бо ёдрасӣ аз эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ доир ба муҳтавои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (09.03.2024) оид ба масъалаҳои падидаҳои номатлуби ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои экстремистию террористӣ, тадриси ғайрирасмии динӣ, хушунати хонаводагӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷиноятсодиркунӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, оқибатҳои харобиовари даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, риояи меъёрҳои муқарарраргардидаи баргузории ҷашну маросимҳои миллӣ, фарҳанги либоспушии миллии занону бонувон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуот иттилоотӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.