ТАТБИҚИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"

     

    Дар Гимназияи 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорон ва падару модарон оид ба рафти татбиқи усули "Мактаб ба мактаб" баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров СайёраАкпархоҷаева , мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҳоҷибоева Ӯғулой, намояндагони шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок ва оид ба дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари охирини кориашон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баёндошта ва дар ин замина эътибори зарурӣ додан ба корҳои минбаъдаи ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, аҳамияти зарурӣ ҷиҳати эҳтиромгузорӣ ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон, танзими ҷашну маросим, ӯҳдадориҳои ҷавонписарон дар адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ, риояи фарҳанги милли либоспӯшии занону духтарон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хушунати хонаводагӣ, маданияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар мавриди корбарӣ бо шабакаҳои иҷтимоии интернет, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ, фарогирии шаҳрвандони бекор бо шуғли пурмаҳсул ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Хабарнигори «Парвозгоҳи бузургон»

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.