Раиси вилоят ба аёдати собиқадори соҳаи кишоварзӣ Аҳмадҷон Қосимов рафт
19 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Қосимовро аёдат намуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо собиқадори меҳнат ӯ ва аҳли оилаашро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати арзанда ва фаъолияти пурсамари собиқадорони меҳнат қадршиносӣ шуда, кору пайкори шахсони соҳибтаҷрибаву соҳибэҳтиром барои дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон хизмат мекунад.