БАҲРИ РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР ҶОМЕА

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Филлиали Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо ҷалби кормандони ҷамоати шаҳраки Ғафуров мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, номояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров Фарангиз Ҷуманазарова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими ҷашну маросим, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва ғайраҳо суҳбат карда шуд.
Зикр гардид, ки воқеан, терроризм ва тахрибкорӣ дар замони муосир силоҳе дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ гардида, бегуфтугӯ, мо аз рӯйдодҳои солҳои охир баръало мушоҳида мекунем, ки қудратҳои асосӣ тавассути истифода аз терроризми байналмилалӣ мехоҳанд ҳадафҳои геосиёсии хешро дар дилхоҳ минтақа роҳандозӣ кунанд. Бинобар ин, ин тамоюли тавсеаёфта аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ шуда, илова бар он дар паҳншавии он саҳми қудратҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.
Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокдорону даъватшудагон суҳбати озод дар мавзӯъҳои зикршуда сурат гирифт.






Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 04.01.2022, №01 Дар бораи гузаронидани “Рӯзи ягонаи ахбор” ва тибқи барқияномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 4 июли соли 2024, №367-6/13 дирӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор карда шуд. Оид ба баргузории Рӯзи ягонаи ахбор тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия тариқи барқияномаи ноҳиявӣ огоҳонида шуда, ҷадвали вобастакунии масъулони гурӯҳи тарғиботӣ тасдиқ гардонида шуд. Маводи тарғиботӣ оид ба мавзӯи тавсияшуда “Танзими расму оинҳо – кафолати зиндагии шоиста”, ки дар нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери сарлавҳаи “Танзим – баракати зиндагист” чоп шудааст, тариқи сомонаи расмӣ ва саҳифаи фуйсбукии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия паҳн карда шуд.

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Парвиз Халифаёр дар асоси нақшаи тасдиқгардида бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Хона ба хона" дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача оид ба эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани ҷавондух-тарон ба оиладорӣ, фарҳанги либоси миллӣ, омода намудани таомҳои маҳаллӣ бо сокинон суҳбату мулоқот доир намуда, ҳамзамон аз рафти омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дидан намуданд.




