Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни кишту парвариши сабзавот шинос гардида, бо хоҷагидорону деҳқонон суҳбати самимӣ орост.
Бояд тазаккур дод, ки деҳоти Зарзамини ноҳия дар кишту парвариш ва истеҳсоли помидор дар вилояту ҷумҳурӣ пешқадам ба ҳисоб рафта, саҳми хоҷагидорон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва фаровонии бозори истеъмолӣ басо назаррас аст. Дар ин ҷамоат зиёда аз 14 ҳазор нафар иқомат дошта, шуғли асосии сокинон кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҷамоат дорои 1128 гектар замини корами обӣ буда, аз он дар майдони беш аз 500 гектар помидор кишт карда мешавад. Деҳқонон аз моҳи январ кишти помидорро дар гармхона оғоз намуда, аз моҳи март кӯчати онро дар замин мешинонанд ва аз 20-уми май ҳосили он ба фурӯш бароварда мешавад.
Имрӯзҳо ҳосили фаровони помидори хоҷагиҳои деҳқонӣ ба бозорҳои вилоят ва ҷануби кишвар ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамарӯза то 100 тонна помидор ба тамоми шаҳру навоҳии вилоят, пойтахти кишвар, минтақаи вилояти Хатлон ва корхонаҳои консервабарорӣ интиқол меёбад.
Дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи оқилона ва мақсадноки замин ба хубӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Зеро ҳар як ваҷаб самаранок истифода гардида, дар як сол то чор ҳосил гирифта мешавад. Деҳқонон баробари кишту парвариши помидор байни қаторҳо бо мақсади ҳифзи растании помидор аз гармо ҷуворимакка кишт намуда, дар кишти такрорӣ кӯчати карамро шинонидаву байни он турбу шалғам низ парвариш менамоянд.
Раиси вилоят ба фаъолияти кишоварзони ҷамоат баҳои баланд дода, илова намуд, ки таҷрибаи деҳқонони ҷамоат бояд дар дигар минтақаҳо низ истифода бурда шавад.
Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Зоидбой Каримов Раиси вилоят кишту парвариш ва коркарди агротехникии пахтаро мавриди назар қарор дод. Хоҷагии мазкур дорои 86 гектар замин буда, дар майдони 64 гектар пунбадона кишт намудааст. Чигити хочаги ҳанӯз моҳи апрел ба замин партофта шуда, нашъунамои он аз тарафи олимони соҳа хуб арзёбӣ карда мешавад. Роҳбарият ва аъзои хоҷагӣ дар кишту парвариш ва истеҳсоли пахта таҷрибаи бой дошта, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва коркарду озуқадиҳии саривақтӣ ба гирифтани ҳосили дилхоҳ шарафёб хоҳанд гардид.
Дар бригадаи рақами 9-и ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев роҳбари вилоят бо ҷараёни кишти такрорӣ шинос гардид. Имрӯзҳо кишти такрорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба роҳ монда шуда, аз тарафи деҳқонон анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз кабили мош, сабзӣ, лубиё, донагиҳо, турб, шалғам ва ғайра кишт карда мешавад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишоварзон азм доранд, ки соли равон дар наздик 4 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронанд. Барои ин дар майдонҳои холигашта вобаста ба иқлим ва бо истифода аз таҷрибаи солҳои пешина кишти сабзавоту полезиҳо гузаронида мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд