Санаи 27 августи соли 2019 дар толори қасри фарҳанги деҳоти Ҳ.Усмонов машварти августии омӯзгорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор гардид.

Дар кори машварат раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ иштирок намуданд.

Қабл аз оғози расмии машварат меҳмонони расмии чорабинӣ бо дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия шинос шуданд. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори машварат оғоз гардида, онро мудири шуъбаи морифи ноҳия Бобоева Дилбар сарварӣ намуд. Баъди гузориши муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли хониши 2018-2019 ва музокирарониҳо сардори раёсати маорифи вилоят Каримзода О. ва раиси ноҳия Зариф Назирӣ оид ба пешбурди кору фаъолият дар соли хониши фарорасидаистода дастуру супоришҳо баён намуданд. Муроҷиатномаи иштирокчиёни машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия қироат ва қабул карда шуд. Ба якқатор омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта, ба муваффақиятҳо ноил гардиданд, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсати маорифи вилоят дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.  Ба кори машварат собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия даъват шуда, онҳо низ бо тӯҳфаҳои хотиравиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар заминаи шуъбаи маорифи ноҳия 10-сол қабл нашрияи соҳавии «Раҳбари дониш» таъсис дода шуда, дар инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти маорифчиёни ноҳия саҳми босазо дорад. Дар ин рӯз даҳсолагии таъсиси ҳафтаномаи «Раҳбари дониш» низ таҷлил карда шуд.

Барномаи фарҳангии муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва консерти идона анҷомбахши чорабинӣ гардид.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз370
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта642
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3177
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5291
mod_vvisit_counterҲамин моҳ3648
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта21671
mod_vvisit_counterҲамагӣ201869