МИҲД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дирӯз дар маҷлисгоҳи бинои бахши фарҳанги ноҳия мулоқоти ҳайати гуруҳи кории назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Муфассал...

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо мардуми ноҳия бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлоливу сулҳу ваҳдат, ки бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, фаъолияти софдилона зоҳир намуда, ҳадафи асосии худро дар ободониву шукуфоии кишвар, қавӣ гардонидани пояи сулҳи ҷовидона ва ҳалли муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ равона намуда истодаанд.

Муфассал...

Санаи 10 майи соли равон дар толори макомоти ичроияи ҳокимияти ноҳия Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси ноҳия мӯҳтарам Зариф Назирӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа мудирони шуъбаву бахшҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовинони Раиси ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои маҳаллии он дар ҷамоатхои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои варзишии ноҳия ва ҷавонони фаъол ширкат доштанд.

Муфассал...

Дар доираи чорабиниҳои таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 4 майи соли 2019 ба 5 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмаки яквақтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Муфассал...

Нишасти 172-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, адибону олимон, омӯзгорони забон ва адабиёти макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мухлисони каломи бадеъро ба ҳам овард. Маҳфил бо силсилаи сурудҳои сарояндагони ноҳия дар матни устод Аминҷон Шукӯҳӣ оғоз ёфт, ки матлаи зебои маҳфил гардид. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов гуфт, ки бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нишасти маҳфил ин даъфа дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад. Шоири Халқии Тоҷикистон устод Аминҷон Шукӯҳӣ зодаи ҳамин деҳа аст ва аҳли маҳфил аз рӯзгору ашъори ин шоири номвар ёд мекунанд.

Муфассал...

Мақолаҳои боқимонда...

Саҳифаи 61 аз 80

<< Ибтидо < Пешина 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 Минбаъда > Интиҳо >>

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз350
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта808
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1898
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ31417
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ348112