Иҷтимоиёт

МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯГӢ БОЯД ХАЛАЛ НАЁБАД

То ин муддат мо, сокинони Ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъача бо мардуми ҳамсоямарзи қирғиз дар дӯстиву ҳамсоягӣ ва муросову ҳамкорӣ зиндагӣ доштем. Рӯзи гузашта, яъне санаи 29-уми апрели соли равон якбора дар маҳаллаи мо-Овчӣ нотинҷӣ шуда, садои тирпарронӣ ба амал омад. Ҳамин тавр шуд, ки аз хавотирӣ мардум-занону бачаҳои маҳаллаҳо ба ҷойҳои дигари бехавф кӯчонида шуданд-мегӯяд Мавҷуда Ғафурова, мудираи кӯдакистони рақами 13, деҳаи Овчӣ.

Рӯзи гузашта пас аз нисфирӯзӣ ва тамоми шаб бо ҳарбиён тинҷиву оромии маҳалларо нигоҳ доштанд.

Имрӯз бошад, ҳама ҷо ором аст ва мардум ба манзилҳои худ баргашта истодаанд. Ба ҳар ҳол барои эҳтиёт имрӯз бачагон ба мактаб ва кӯдакистон нарафтаанд.

-Аслан сокинони деҳаи Овчӣ ва мардуми қирғизро канали калон ҷудо мекунад.  Вале бояд гӯем, ки мардуми ду халқ ягон маротиба бо ҳам муноқиша накардаанд. Ҳатто, қирғизҳо тамоми хариди озуқаи худро аз бозори деҳаи Овчӣ мекунанд. Мо, сокинони деҳа ба омаду рафти қирғизҳо  ягон норозигӣ ва ё нобоварӣ ифода накардаем. Мо ҷонибдори робитаҳои неки ҳамсоягием. Ва боварӣ дорем, ки барои идомаи ин дӯстиву ҳамсоягӣ, ки асрҳои аср давом карда меояд, мардуми қирғиз низ кӯшиш карда, барои халалдор нагаштани муносибатҳо мекӯшанд - афзуд мавсуф.

 www.hakikati-sugd.tj

Гардиши хона ба хона оид ба пешгирии бемории сироятӣ

Аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб то имрӯз табибони тибби оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавии муассисаҳои сохтори Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии Қосимова Малика Султоновна баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавируси Ковид-19 ҳафтод маротиба гардиши хона ба хона гузаронида, ба шаҳрвандон фаҳмониданд, ки қоидаҳои тиббии беҳдоштиро риоя намоянд, саломатии худ ва пайвандонашонро ҳифз намоянд.

Ба оилаҳое, ки бемориро аз сар гузарониданд, дар як рӯз то се маротиба ҳолати бемор аз ҷониби ҳамшираҳои тибби оилавӣ санҷида шуда, то имрӯз ҳамин тарзи корбарӣ идома дорад.

Б.Ғафуров: Аёдати ҷавондухтарони имконияташон маҳдуд

Саховату эҳсон, дасти ёрӣ дароз намудан ба барҷомондагону нафарони имконияташон маҳдуд аз амалҳои неку шоистаи инсонӣ маҳсуб ёфта, иҷрои ин фазилати неку ҳамида амалест савоб ва қарзи инсонии ҳар шахси солиму саломат назируфта шудааст. Махсусан дар рӯзҳои иду ҷашнҳо шодиву хурсандӣ овардан ба чунин афроди ниёзманд, аз беҳтарин амалҳои неки инсонӣ маҳсуб мегардад, ки роҳбарият ва роҳбарони сохтору бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров онро дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор додаанд.   

Бахшида ба Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ - ҷавондухтарони имконияташон маҳдуди ҷамоати деҳоти Исфисор аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Давронзода Дилшод ва директори мактаби варзиши№1-и ноҳия Равшанбек Мақсудов аёдат карда шуда, ба аҳли оилаи ҷавондухтарони имконияташон махдуд Паёми муборакбодии Раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зафарбек Давлатзода расонида шуд. Гуфта шуд, ки ин қишри ниёзманди ноҳия ҳамеша дар паноҳи давлату ҳукумат қарор дошта, ҳамарӯза ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба ин гуна оилаҳо кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

ВАКСИНА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС БА САЛОМАТӢ ЗАРАР НАДОРАД

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 83 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии СOVID -19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 22 марти соли равон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни гурӯҳои осебпазири аҳолӣ марҳала ба марҳала гузаронида мешавад.

Ҷиҳати дарёфти шарҳи мушаххаси масъала, раванди гузаронидани иммунизатсия, манфиати он ба сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода муроҷиат намудем. Мавсуф оид ба ин масъала ҳарф зада изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чорабинии муҳими иммунизатсиякунонии аҳолии ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Боиси қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша саломатии оммаро дар мадди аввал гузошта, аз оғози паҳншавии бемории навъи короновирус дар ҷаҳон, баҳри таъмини сиҳатии мардум аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд.

Ин буд, ки доираи иқдоми наҷиб ва бо талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ваксинакунонии ҷомеаи мамлакат бар зидди бемории COVID-19   дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAХ) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZaneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин номгуй ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодабарандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. Алҳол аз он беш аз 60 давлати ҷаҳон истифода бурда истодаанд.

Бино ба гуфти масъулин тибқи Нақшаи миллӣ дар марҳалаи аввал ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм  гузаронида хоҳанд шуд.

- Рӯзҳои наздик пас аз тақсимоти ваксинаҳо ба шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд низ ин маъракаи оммавии иммунизатсиякунонии сокинон оғоз мегардад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят баҳри баланд бардоштани малакаи касбии хеш давра ба давра бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пурра барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани эмгузаронӣ ҳамаҷониба омодаанд, - гуфт А.Абдуллозода.

Имрӯзҳо байни мардум бобати ваксина ва оқибати таъсири он ба саломатӣ боиси сар задании овозаҳои беасосу бардурӯғ гаштааст.  Масъулин ин масъаларо шарҳ дода, иброз медоранд, ки чунин сару садоҳо асоси воқеъӣ надошта, бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми оқил худ моҳияти аслии чунин овозаҳои беасосу бемантиқро дарк намуда, нақши худро дар баргузори маъракаи ваксинакунонии омма дар кишвар хоҳанд гузошт.

Ҳамагон  огоҳ ҳастанд, ки маҳз ваксинакунонӣ боиси аз байн рафтани бемориҳои вазнину нохуш гаштааст. Имрӯз низ ҷаҳон бо бемории сироятии COVID-19 дар ҳоли бархурд қарор дорад ва хушбахтона маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё подзаҳр дар муқобили ин беморӣ ихтироъ шуд ва умед дорем, ки сайёра ба зудӣ дар муқобили бемории болозикр пирӯзӣ ба даст хоҳад овард.

- Ҳамзамон дар хотир бояд дошт, ки муқобили бемории короновирус, асосан риояи чораҳои пешгириву гигиенаи шахсӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан маҳсуб ёфта,  риоя бечунучаро онро аз ҳар шаҳрванди кишвар тақозо дорад, - таъкид дошт Абдумавлон Абдуллозода.

Воқеан мақсади аслии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама барои ҳифзи солимии миллат нигаронида шудаааст. Аз ин лиҳоз ҳар фарди бонангу номус  бояд аз пештара дида бештар муттаҳид бошем. ҳеч гоҳ ба овозаҳои бемантиқу беасос  фирефта нашуда, ба ҳарос ва воҳимаву таҳлука роҳ надиҳем.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.