ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОВЧИҚАЛЪАЧА
Дар доираи густариши корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аъзоёни гуруҳи тарғиботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқотеро бо сокинони деҳаи "Қалъача"-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача баргузор намуданд. Ин мулоқот бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Маҳалла ба маҳалла" сурат гирифт, ки ҳадафаш наздиктар шудан ба мардум ва расонидани паёмҳои муҳим мебошад. Дар ин мулоқот Акпархоҷаева Сайёрахон, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Мавлуда Ҷӯраева, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Фирӯз Искандаров, сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, Баҳриддин Баҳодурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сайёра Акпархоҷаева зимни мулоқот бо сокинон оид ба муҳтавои мулоқоти судманди Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ бо ҳизбиён баргузор гардид, ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки дар ин мулоқот Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббати хос ба Ватан ва ғамхории падарона ба ҳозирон аз хатарҳои ҷаҳони имрӯз, талошҳои расидан то ба ин рӯзҳои нек ва гузаштан аз садҳо мушкилот сухан гуфта, таъкид доштанд, ки яке аз воситаҳои таъсиррасон барои рушди кишвар бо ҳам саводноку бомаърифат шудани ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, Раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ дар бораи боз як сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, доир ба насб намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боми хонаи ҳар як сокини кишвар ва дар ҳар оила ҷашн гирифтани Рӯзи Истиқлоли давлатӣ бо ифтихормандӣ сухан ронд.
Дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ низ реҷеъ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ, ҷойҳои холии корӣ барои шахсони корҷӯ, аз ҷумла ҷойҳои корӣ дар НБО бо шарту шароитҳои хуб, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, масъалаҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, роҳ надодан ба хурофот, истифодаи босамари неруи барқ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ибрози назар карданд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”







Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроти номатлубаш ҳамчун вабои хатарнок доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, зарурати дарки амиқ ва пешгирии ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Афзоиши зуҳуроти терроризми байналмилалӣ дар манотиқи мухталифи сайёраи мо боиси афзоиши назарраси таблиғот ва интишори ғояҳои террористӣ, ҷалби ҷонибдорон ва ташкили экстремизм ва терроризми иттилоотӣ гардидааст. Воситаи асосии чунин фаъолияти харобиовар имкониятҳои ҳамеша нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар даҳсолаи охир мисолҳои таблиғи ифродгароӣ ва терроризм дар интернет мушоҳида мешавад, ки ҳеҷ марзу бум надорад ва ба осонӣ ба ҳар гӯшаи ҷаҳон паҳн мегардад.
Дар ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои пайвастаи терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯст, нақши ҳар як фарди ҷомеа дар пешгирии ин падидаҳои номатлуб бениҳоят муҳим аст. Аммо дар ин мубориза, мавқеи занону бонувон на танҳо муҳим, балки калидӣ ва тақдирсоз аст. Онҳо ба ҳайси офарандагорони зиндагӣ, тарбиятгарони насли оянда ва нигоҳдорони арзишҳои оилавӣ, метавонанд сипари тавоное дар роҳи пешгирии ифротгароӣ бошанд.



