Иҷтимоиёт

СОКИНОНИ "ДАШТИ САБЗ" БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ШУДАНД

        Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров босуръат идома доранд.

    Дар доираи ин тадбирҳо, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоати деҳоти Исмоил, инчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи навбунёди "Дашти сабз" як чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.

    Аз ин иқдоми наҷибона беш аз 500 нафар сокинони деҳа бо оби нӯшокии тоза таъмин гардиданд. Пирони деҳа, ки аз ин дастовард изҳори хушнудӣ намуданд, иброз доштанд, ки дар ободонии минбаъдаи маҳалли худ саҳми фаъолона мегузоранд. Ин иқдоми муҳим бори дигар аз кӯшишҳои ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеа барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон шаҳодат медиҳад.

 “Парвозгоҳи бузургон”

ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН: 34 СОЛИ РУШДУ ОБОДӢ ДАР МАҲАЛЛАИ “ТОҶИКИСТОН”

      Дар маҳаллаи “Тоҷикистон”-и ҷамоати деҳоти Хистеварз ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи адабиву фарҳангӣ доир гардид. Ин тантана, ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил гардид, сокинони маҳалла ва аҳли ҷамоатчигиро гирд овард. Дар чорабинӣ Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Бимоҳрӯ Қосимӣ, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия ва раиси ҷамоат Махсудҷон Зоҳиров иштирок намуда, дар бораи аҳамияти ин ҷашни муқаддас суханронӣ карданд.

   Раиси ҷамоат Махсудҷон Зоҳиров дар сухани ифтитоҳии худ бо самимият меҳмонон ва сокинонро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо ин ҷашни бузург табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо ва дастовардҳои миллати тоҷик мебошад. Таъкид кард, ки дар даврони истиқлол Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро пайдо карда, ба комёбиҳои беназир ноил шудааст. Ӯ аз дастовардҳои мушаххаси ҷамоати деҳоти Хистеварз ёдовар шуда, аз сохтмони 8 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ва кӯдакистонҳои муосир, маркази саломатӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо ифтихор сухан гуфт. Инчунин, таъкид гардид, ки сокинони ин маҳалла дар соли равон бо дастгирии соҳибкорон ва бо кӯшиши худ зиёда аз як километр роҳро мумфарш, роҳҳои дигарро шағалпӯш ва кӯчаҳоро чароғон намуданд, ки ин ҳама далели шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ мебошад.

    Баъдан, Ӯғулой Ҳоҷибоева аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия паёми табрикотии раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро бахшида ба 34 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи  ҳозирин расонид.

    Бимоҳрӯ Қосимӣ низ зимни суханронӣ аз рушди фарҳанг, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат баргузор мегарданд, дар баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон нақши калидӣ мебозанд.

   Дар фарҷоми чорабинӣ, гурӯҳи карнайнавозон ва ҳунармандони маҳаллӣ бо барномаи фарҳангӣ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Ин барнома ба ин рӯзи таърихӣ ҳусни дигар зам намуд.

 

“Парвозгоҳи бузургон”   

ДАР ЁВА ВОХӮРИҲОИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” ИДОМА ДОРАНД

         Дар доираи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, силсилаи вохӯриҳои тарғиботӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” дар маҳаллаҳои “Зарбоғи боло” ва “Зарбоғи поён”-и ҷамоати деҳоти Ёва идома ёфт. Дар мулоқот намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ: Мавлуда Ҷӯраева, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия, Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия, Муяссар Солиева, намояндаи КИ ҲХДТ ва масъулини ҷамоати Ёва Раъно Холматова ва Заррина Солиҷонова иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Намояндагон дар бораи масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонунҳои “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маълумот доданд. Ҳамчунин, мавзуъҳои дигаре ба монанди муҳоҷирати шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, пешгирии терроризм ва экстремизм, мубориза бо коррупсия, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, рушди кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

   Дар поёни вохӯрӣ, масъулин ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд, ки ин барои ҳамкории мутақобила байни мардум ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуд.

“Парвозгоҳи бузургон”

ТАҲКИМИ МАЪРИФАТ ВА МАСЪУЛИЯТ

Вохӯрии “Деҳа ба деҳа” дар Ёва

   Дар доираи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  вохӯрии муҳими тарғиботӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” дар маҳаллаи «Наддофон»-и ҷамоати деҳоти Ёва баргузор гардид. Мақсад аз он баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, дар равандҳои дохилию хориҷии кишвар мебошад.

   Дар мулоқот намояндагони сохторҳои мухталифи давлатӣ ва ҷамъиятӣ: Шамсиддинов Сорбон намоянда аз КДАМ ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Уғулой Ҳоҷибоева мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Баҳриддин Баҳодурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Муяссара Солиева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқ Мадина Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суҳбат татбиқи қонунҳои ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” хатарҳои терроризм ва экстремизм, эҳтиёткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таҳкими одоби оиладорӣ, эҳтиёт ва ҳифзи арзишҳои оиладорӣ, эҳтиёткорӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Мулоқот бо як фазои озоди муколама ва саволу ҷавоб анҷом ёфт, ки ба мардум имконияти мустақим барои ибрози андеша ва гирифтани ҷавобҳои муфассалро фароҳам овард. Мардуми маҳаллӣ ташкили чунин вохӯриҳоро хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, аз масъулин барои таваҷҷӯҳи онҳо изҳори сипос карданд. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо маърифати ҳуқуқиро боло мебаранд, балки боиси таҳкими ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа мегарданд.

“Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.