САДОҚАТ ВА ҶАСОРАТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ИБРАТПАЗИР БАРОИ ҶАВОНОН
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон силсилаи рӯйдодҳои муҳиму хотирмоне сабт шудааст, ки дар тақдири мардуми тоҷик таҳаввулоти тоза асос гузошта, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои сокинон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи воқеаҳои таърихӣ ва наҷотбахши таърихи навини тоҷикон унвон мешавад, ки марҳилаи нави давлатсозиро оғоз бахшида, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид.