Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ, хати оби нӯшокӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳраки Шӯроб
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, мулоқот бо мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият самимона истиқбол гирифтанд.