Пас аз он ки бар тахти шоҳӣ нишаст,
Шукӯҳи Хуросон биёмад ба даст.
Наҷиби Борвар
Тоҷикон ва форсизабонони Хуросон ҳамчун миллати фарҳангсолор, соҳибихтиёр ва тамаддунофар дар имтидоди таърих ҳамеша саҳми басазои худро дар рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, зербинои љомеа, иқтисод, тиҷорат, илм, фарҳанг, адабиёт, меъморӣ ва ҳунар гузоштаанд.
Онҳо хайри ҷамъӣ ва салоҳдиди умумимардумиро ба инобат гирифта, ҳама вақт барои ҳифзи тамомияти арзӣ, густариши адолат, нангу номуси мардум ва барқарории давлати марказӣ мубориза бурдаанд. Мурури кӯтоҳе ба таърихи Афғонистони муосир нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷик нуфузи «файзбор ва шарафосор»[1] дар ташаккули маданият ва зеҳнияти ҷомеаи кишвари ҳамсоя доштааст. Шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф, Кобул, Зобул, Самангон, Сиистон, Гандаҳор, Куҳандиж, Ҷавзгон, Ғур, Каписо, Парвон ва Ғазнӣ, водиҳои тамаддунофар аз қабили дараи Каён, дараи Панҷшер, дараи Сӯф, дараи Шимолӣ, дараи Соланг, дараи Хинҷону Андароб, дараи Ғур, Чордара, дараи Толаву Барфак, Ҷувайдара, дараи Роғистон, дараи Асмор ва ғайрае, ки ҳамчун маркази тамаддуни мардуми бумӣ қадр афрохтаанд ва дар он ҷо ҳувият ва фарҳанги миллӣ шакл гирифтааст, ба таври дастаҷамъӣ то аввали асри 20-ум макони зисти тоҷикон будааст.