Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл дар шаҳри Хуҷанд туҳфаҳо тақдим намуданд
10 апрел дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 100 нафар ятими кулл туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуданд.
Воқеан дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш маҷмӯи сару либоси баҳорӣ, аз қабили шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.