Сухан аз ваҳдату худшиносӣ
Нишасти 191-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» дар якҷоягӣ бо маҳфили “Адибони ваҳдатсаро»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки аҳли маориф, адабу фарҳанги ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.














