ЗӮРОВАРИИ РАВОНӢ ВА ОМИЛҲОИ ХАТАРЗОИ ОН

     

Агар бигӯем, ки бунёди оила аз ҷомеа сар мешавад ва ояндаи миллат аз фарзандони ҷисману рӯҳан солим вобастагӣ дорад, муболиға нест.  Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа оилаҳое ҳастанд, ки дар онҳо фазои носолим ва ноороми иҷтимоӣ ҳукмрон аст. Дар ҳоле, ки оила дар таълиму тарбияи кӯдак нақши калидӣ дошта, муҳити солими оилавӣ зарур ва ҳатмист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбату вохӯриҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, фарзандони солеҳи дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, тарбия ёфтани насли наврас, фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба шароити хуби таълиму тадрис ибрози андеша менамоянд.

       Ҳар  кӯдак ҳуқуқ дорад, дар муҳити оилавии созгор, ғамхор ва муносиб барои рушди ҳамаҷониба ба воя расад. Зеро ҳаёти ноболиғон, ки қисми такягоҳӣ ва ташаккулёбии шахсият ба шумор меравад, сар задании мушкилот дар ин зина ба ояндаи шахс таъсири манфӣ мерасонад. Дар психологияи ҷомеаи мо то ҳол озори ҷисмонӣ, сарзаниши кӯдак яке аз роҳҳои тарбия ҳисобида шуда, гӯё ин «сиёсат» ва тарбияи «дуруст» қабул шудааст. Ҳол он ки лату кӯби кӯдак усули тарбия набуда, баръакс дар зеҳни кӯдак ҳисси бадбинӣ, қашангӣ, дӯғу пӯписа ва бериояву андеша гапгардонӣ нисбати калонсолонро меафзояд.  

       Зӯроварӣ нисбати кӯдакон бештар аз ҷониби парасторони худ ва пеш аз ҳама, волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ё аъзои калони оила (амак, амма, хола, тағо) расонида мешаванд. Олимон якчанд шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакро муайян намуданд, ки ин зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ шаҳвонӣ, истисмор, зӯроварӣ аз ҷониби ҳамсолон, рақамӣ… мебошад.

 Ҷасур  Неъматов (ному насаб иваз карда шудаанд) кӯдаки ноболиғ мебошад, ки дар фазои номусоиди иҷтимоӣ, дурӣ аз меҳри падару модар ва ҳамроҳи бародар ва додараки хурдсолаш дар хонаи падар  зиндагонӣ дорад. Оилаи ӯ замоне аз хонаводаи барӯманди деҳа ба ҳисоб мерафт. Падару модараш зиндагии хушбахтона доштанд. Зиндагии онҳо аз ҳисоби маблағҳое буда, ки падар дар муҳоҷирати меҳнатии дармеёфт.  Модар, бародар ва хоҳараш дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Фурсате фаро расид, ки оилаи онҳо аз сабаби шароити танги иқтисодӣ ба назди падар ба шаҳри Маскав кӯчиднд. Ҷасур фарзанди сеюми оила аст. Ӯ ва додараки хурдиаш дар Федератсияи Русия таваллуд шудаанд. Акнун онҳо дар оила 4 нафар фарзанд ба камол мерасанд. Баъди чанд сол  онҳо боз ба деҳа баргаштанд, аммо падараш дар Русия монд. Модаркалонаш аз бозгашти келину наберагонаш шод нашуд. Аз он сабаб, ки гӯё келин бо писараш муноқиша карда омада бошад.  Хуллас,  моҳҳо гузаштнд. Муҳити шаҳри азими Русия чунон ба тарбияи фарзандони калонӣ таъсир расонида буд, ки дар зисту зиндагонӣ, одобу рафтор «озод» будан мехостанд. Одоби шарқиёна ба онҳо намефорид. Хоҳару бародари калонӣ дар таҳсил низ низоми бомаром надоштанд. Иштирок накардан ба машғулиятҳо, ғоиби зиёд онҳоро аз таҳсил дур мекард.

 Хулоса фарзандон сухани модарро ба инобат намегирифтанд.  Шабгардӣ, ба корҳои ношоиста даст задани писари калонӣ, бе пурсиш кӯчагардии духтар афзудан гирифт. Сипас, модари Ҷасур шавҳарашро хоҳиш кард, ки аз муҳоҷират баргардад ва фарзандони калониро зери назорат гирад, то ки онҳо бероҳа нашаванд. Хушдоман.  баръакс намехост, писараш аз муҳоҷират баргардад, вагарна таъминоти оила ба таври дилхоҳ сурат намегирад.    Илова бар ин келин маблағеро, ки  аз шавҳараш меомад, ҳатто, намедид.  Ҳол чунин ранг гирифт, ки ҳарчанд шавҳари зан пул мефиристод, ба ӯ ин пулҳо намерасиданд ва ӯ маҷбур мешуд бори зиндагиро бо чаҳор фарзандаш худаш бардорад. Рӯзҳое мешуданд, ин оила ба пораи нон зор мешуд. Бар замми ин овозае пайдо шуд, ки гӯё падари Ҷасур дар Русия оилаи нав барпо кардааст. Ин зарба умеди занро аз шавҳар канд ва меҳрубониро аз хушдоманаш низ интизор набуд. Чун ҷанҷоли келину хушдоман доим ба фалак мепечид. Бинобар ин, модари Ҷасур бо мақсади корҷӯӣ аз хона баромада мерафт. Баъди чанд муддат хоҳару бародари калонӣ низ аз баромада бедарак шуданд.  

Бибӣ аз лиҳози пирӣ кӯдакони хурдсоли 5-солаю 3-соларо парасторӣ карда наметавонист. Аз  модари бачаҳо ва наберагони калонӣ дараке набуд. Ҷасури бечора тез-тез зери лату кӯби модаркалон қарор мегирифт. Баъди бемории модаркалон ӯ бо додараки хурдсолаш дар хона танҳо монданд. Ҳамсояҳо ба онҳо хӯрок медодагӣ шуданд. Аз чеҳраи писарак борони ғам меборид.

Хуллас, падар дар сафар, модар , хоҳар ва бародар бе ному бенишон, бибӣ бемору кӯдакон ҳайрону нолон монда буданд. Фазои носолими оила ба Ҷасур сахт таъсир карда буд. Ӯ доимо парешонхотиру ошуфтаҳол менамуд. Рӯз-рӯз умраш дар кӯча мегузашт. Аз ин дар ба он дар пораи нон меҷуст. Ба қавле кашолаву пуштора бо додаракаш мегашт…

Дар ҷомеи имрӯза амсоли ин оилаҳо зиёд ҳастанд, ки фазои носолиму номусоид ҳукмрон буда, кӯдакон зери таҳдиду фишори сахти зӯроварии равонӣ қарор доранд. Чӣ бояд кард? Магар кӯдак сабабгори ин омилҳост. Ё гуноҳе дорад?

Мавҷуда Азизова, раиси кумитаи маҳаллаи «Ҳавзаки поён-2», деҳоти Хистеварз дар баррасии мавзӯи мавриди назар андешаҳои худро ба таври зайл баён кард:

        - Зиндагии имрӯза тақозо мекунад, ки дар аксар  маврид сардори оила - падар ба ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ, таъмини оилаи худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Дидори зану фарзанд баъди моҳҳову солҳо муяссар мегардад. Баъзе мардҳо дар мулки бегона оила барпо мекунанду оилаи собиқашон ба хотир ҳам намеояд. Барои зани танҳо тарбияи фарзанд басо мушкил аст. Занон фарзандонро ба тарбияи бобою бибӣ гузошта, кор меҷӯянд, то рӯзгорро таъмин кунанд.   Фарзандон дар ин ҳолат ба ҳ[олати рӯҳию равонӣ гирифтор мешаванд. Ин хел фарзандон камгап, одамгурез, гӯшанишин, якрав, доимо дар ҳолати асабонӣ қарор мегиранд. Зеро таҷрибаи рӯзгор нишон додааст, ки беҳтарин модар ҷои падар ва беҳтарин падар ҷои модарро гирифта наметавонад, ҳар кас ҷойгоҳи худро дорад.

Барои наврасоне, ки тарбияи яктарафа доранд, яъне падар ва ё модар надоранд, хеле вазнину сангин аст.

Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя ва ҳифз менамояд. Дар робита ба ин андеша бояд қайд кард, ки вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва Барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф намудааст, Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

         Имрӯзҳо вазъият дар оилаҳои  ҷудошуда   ташвишовартар  боқӣ мемонад.  Кӯдакони то синни 10-сола бояд ба тарбияи доимии  падару модар фаро гирифта шаванд. Аммо падар муҳоҷиратро ихтиёр мекунаду танҳо  модар тарбияи онҳоро аз чанд ҷиҳат таъмин карда наметавонад. Ё доимо асабию аз чизе норозӣ аст. Пеш аз ҳама, таъсири ин омилҳо ба кӯдакон мерасад.  Чӣ бояд кард?

Тарбия кори дастаҷамъӣ мебошад. Ҷомеа, оила, кӯдакистону мактаб раванди тарбияро ба роҳ мондаанд, аммо тарбия аз оила сурат мегирад ва дар ҷомеа инкишоф меёбад. Фарзандоне, ки падару модарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ва онҳоро ба хешовандон ва муассисаҳои махсус гузоштаанд, гурӯҳи осебпазир дониста мешаванд. Ҳарчанд дар кӯдакистону мактабҳо равоншиносон бо чунин кӯдакон кор мебаранд, аммо ҷои холии падар ё модар пур намешавад.

Тавре дар моддаи якуми Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак омадааст:

       «Ҳар касе, ки ба синни 18 нарасидааст, кӯдак ҳисоб мегардад ва дорои тамоми ҳуқуқи дар ин аҳднома зикргашта мебошад».          Бинобар ин, падару модар, мактабу ҷомеаро зарур аст, ки дар пешгирии масъалаи мазкур муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.

        Моҳира Раҳимова, духтури бемориҳои асаби бачагонаи Беморхонаи ноҳиявии №1 оид ба зӯроварии равонӣ ва таъсири он ба организми кӯдак чунин баён дошт:

- Зӯроварӣ ба кӯдакон таъсири манфӣ расонда, боиси пайдоиши бемориҳои асаб мебошад. Зӯроварӣ метавонад аз насл ба насл гузарад. Зеро кӯдакони мавриди зӯроварии равонӣ қарор гирифта, метавонанд ин амалро «муқаррарӣ» шуморанд ва ҳаёти худ онро такрор мекунанд. Аз муроҷиати беморон бармеояд, ки кӯдаконе, ки таҳти зӯроварии равонӣ қарор доранд, ба бемориҳои асабзаифӣ, рӯҳафтодагӣ дучор мешаванд. Оилаи солим мӯҷиби солимии ҷомеа мебошад. Кӯдаке, ки дар оилаи солим ба дунё меояд, рӯҳану ҷисман солим ба воя мерасад. Илми тиб исбот кардааст, кӯдак, ки таҳти зӯроварии равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ қарор дорад, рафта - рафта ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор шуданашон аз эҳтимол дур нест. Дарки психологияи кӯдак кори басо мушкил аст. Одатан раванди кори мағзи сари тифл то синни 3-солагӣ ба монанди одами калонсол дар фаъолият мебошад. Барои ин ҳам кӯдак бисёр зирак аст. Ба назари мо хурд намояд ҳам, аммо ташаккули тафаккураш дар ин давра дар марҳилаи  инкишоф мебошад.

        Ҳамин тавр, барои кӯдак фароҳам овардани шароити моддиву ҳам маънавӣ шарти зарурии пешрафти он мебошад. Як нуктаро зикр кард, ки ғизои солим низ дар ташаккули ӯ нақши асосӣ дошта, бо иловаи меҳри падару модар пурра хоҳад шуд.

Рафоат Мадаминова, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 зимни матраҳи ин мавзӯъ афзуд:

- Яке аз масъалаҳои муҳиму ташвишовари иҷтимоии имрӯз таъсири зӯроварӣ, махсусан, зӯроварии эҳсосотӣ ба равони кӯдак маҳсуб меёбад. Давоми собиқаи чандинсолаи кориам бо садҳо хонандагону оилаи онҳо сарукор доштам.  Ба тавре чашмҳо омӯхтаанду бо як нигоҳ равони онҳоро мефаҳмам. Дар мавриди таъсири зeроварии равонӣ таҷрибаи кориам исбот мекунад, ки хонандагоне, ки волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, аз ҳам ҷудо гаштаанд ё дар парастории бобову бибӣ, амаку хола қарор доранд, бештар ошуфтаҳолу парешонхотир гашта, ба таҳсил аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Зеро оилаҳое ҳастанд, ки падару модар фарзандро мезананд. Гӯё задан сиёсати кори тарбия бошад. Албатта, не. Ҳолатҳое шудааст, ки хонандагон бо дидагони пуроб ба дарс меоянд. Вақте сабабашро мепурсам, падарам ё модарам бинобар омода нашудан ба дарс заданд, мегӯянд. Охир бо масъала ҳал намешавад. Таъмини талабот ва эҳтиёҷоти кӯдак бар зиммаи падару модар аст. Вақте ки ба кӯдак бо овози баланд гап мезанем, таҳқир мекунем, ин ҳам навъи зӯроварии равонӣ ба тифл ҳисобида мешавад. Агар дар тарбияву таълим иртиботи падару модар бо муассиса мустаҳкам шавад, барои ба мақсад расидан, гиреҳҳо кушода хоҳанд шуд.  

Дилбар Бобоева, собиқадори соҳаи маориф оид ба масъалаи мазкур чунин изҳори назар кард:

- Баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва маърифати ҳуқуқии хонандагон аз вазифаҳои муҳими кормандони соҳа ба ҳисоб рафта, бо дарки чунин масъулият шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеи он фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Барномаи таълиму тарбияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ба роҳ монда, дар ин самт корҳои зиёдро ба анҷом расонида истодаанд.

Мусаллам аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас оила нақши муҳим ва аввалиндараҷа мебозад. Аз ин рӯ, бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи муассисаи таълимӣ ва оила дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия Университети падару модарон ва «Мактаби модарон» созмон ёфта, дар асоси мавзӯъҳои тавсияи шуъбаи маориф ҳар моҳ машғулиятҳои он мунтазам гузаронида мешаванд.  Ягона давлате, ки бо мақсади тарбияи  фарзанд Қонуни махсусро тавассути муҳокимаи умумихалқӣ қабул намудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шуъбаи маорифи ноҳия дар таъмини иҷрои талаботи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нақшаи кории махсусро иборат аз 16 банд таҳия намуда, баҳри амалӣ намудани он кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ хонандагони аз оилаҳои осебпазир, душвортарбия ва ба содир намудани ҷиноят майлдошта ба рӯйхат гирифта, ба онҳо аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба мутасаддиёни ҷамъиятӣ таъин карда шудаанд. Алҳол, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 135 нафар хонандаи душвортарбия ва 85 нафар  аз оилаҳои осебпазир ва ноустувор ба қайд гирифта, бо онҳо мунтазам корбарӣ ҷараён дорад.

Сафаралӣ Салимзода - прокурори ноҳия дар баррасии мавзӯи мазкур андешаҳои худро ба таври зайл баён кард:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маиширо баҳри таъмини зиндагонии шоиста ба ҳар як сокини кишвар фароҳам овардаанд.

          Баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани сатҳи ҷинояткорӣ хусусан дар байни ноболиғон дар кишвари мо як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ  қабул карда шудаанд.  Дар ин замина нозирони минтақавӣ вазифадор шуданд, ки оилаҳои носолимро ба қайд гирифта, дар ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунанда зӯровари дар оила ҷиҳати пешгирии хушунат дар оила ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорbӣ нишон дод, ки новобаста ба чораҳои андешида оид ба пешгирӣ ва огоҳкунии ҳуқуқвайронкунӣ, содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон дар соли 2021 тамоюли болоравӣ дорад.

Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 14 ҷинояти дуздӣ, 2 ҷинояти алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16 солагӣ нарасида, 3 ҷинояти авбошӣ, ва 1 ҷинояти ғоратгарӣ аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир карда шудааст.

Таҳлили сабаб ва шароитҳое, ки барои содиркунии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон замина гузоштааст, собит месозад, ки Хадамоти огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ШВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазифаашро танҳо дар гузаронидани суҳбату вохӯриҳо маҳдуд карда, бо муассисаҳои маориф  ҷиҳати муаяйн намудани ноболиғони душвортарбия аз оилаҳои носолим кор наберад.  Дар рафти санҷиш ва таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон соӣит намуд, ки аксар ҳолатҳои бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои аз тарафи падару модар ва омӯзгору масъулини таълиму тарбия муассисаҳои таълимӣ сабабгори содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар аз тарафи ноболиғон шудааст.

Дар робита ба ин андеша ҳамагонро зарур аст, ки дар бартарафсозии масъалаи мазкур бетараф набошанд. Зеро ин кори танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ набуда, дар иҷрои ин кор ҳамдастӣ мебояд.

Андешаҳои болоӣ шаҳодати он аст, ки пеш аз ҳама падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъул аст ва дигар муассисаҳои иҷтимоию мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар тақвияту сифати раванди таълиму тарбия ӯҳдадор ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад он девор каҷ.

Аз ин рӯ, дар тарбияи фарзанд, нақши волидон барҷаста эҳсос мешавад, ки бархе аз падару модарон муҳиммияти онро дарк намекунанд ва кӯдакони худро зери фишори равонӣ қарор медиҳанд.  

 

Парвина РАҲИМОВА,

хабарнигори ҳафтаномаи «Хуҷанд»

 

   

 

 

                                                          

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.