Чӣ гуна Нусратулло Махсум миллатро сарҷамъ кард?
14 ноябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқии Ӯзбекистон таъсис ёфт. 26 ноябри он сол Кумитаи Инқилобии ин ҷумҳурӣ, бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев бунёд гардид. Яъне, Нусратулло Махсум аввалин сарвари давлатии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 1926, дар натиҷаи интихобот кумитаҳои инқилобии (ревкомҳои) ҷумҳуриямон ба Шӯроҳо табдил дода шуданд. Дар натиҷа ба ҷойи Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) ташкил карда шуд ва раиси он Нусратулло Махсум интихоб гардид.