ШУКРОНАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 сол муқаддам бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ба имзо расида буд, ҳамчун санади сарнавиштсозу саодатбахши миллӣ мақоми хосса пайдо намудааст.







Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти Ғозиён бо иштироки омӯзгорону хонандагон ва волидайн мулоқот баргузор гардид. Директори таълимгоҳ Башорат Неъматова ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон қайд кард, ки 14-уми сентябри соли 2022 Суди Олии Россия маҳз ба хотири пешгирӣ аз терроризм ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар иқдоми одилона ва саривақтӣ гирифта, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломро дар қаламрави ин кишвар манъ кард. Баъдан омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоxик Шафоат Алибоева дар мавзӯи "ТТЭ ҲНИ дар Федератсияи Россия ташкилоти террористӣ эътироф шуд" баромад намуд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина Раҳмат, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нигора Ғаффорӣ ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров захмиёни даргириҳои рӯзҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро аёдат карда, хамзамон ба оилаҳои ҳалокшудагон ташриф оварда, ба онхо изҳори ҳамдардиву тасаллият баён намуданд.
Дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Алихонзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия маросими муаррифии мудири навтаъини шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо раиси ноҳия, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз 17.08.2022 №1229 Ғаффорзода Нигора Маъруф ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин карда шуд.



