Ноҳияҳои Спитамену Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Пӯлодон ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ гардиданд
Дирӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ баргузор гардид.
Дирӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ баргузор гардид.
Дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов конференсияи 35 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Даврон Зоҳидзода - муовини раиси вилояти Суғд, Суҳроб Рауфзода - намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сармуҳаррири нашрияи ҲХДТ “Минбари халқ”, Мирзоқосим Каримзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Дилором Турсунзода - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баргузор гардид.
Кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ба ҳашари пахтачинӣ баромада, ба пахтакорон кӯмаки худро расониданд. Гуруҳи калони ҳашарчиён дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ барои иштирок дар ҳашари пахтачинӣ ба саҳро омада, дар ҷамъоварии ҳосил саҳми худро гузошт.
Раиси вилоят ҳамзамон ба роҳбарияти ноҳия барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта супоришҳо дода, ба як қатор чинакчиён туҳфаҳо супорид.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз калонтарин ноҳияҳо маҳсуб меёбад, соли равон истеҳсоли 18713 тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Бо оғози мавсмими пахтачинӣ саҳмдорону чинакчиён барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар шуда, дар як рӯз аз 200 то 220 тонна пахтаро ба хирман месупоранд. Аз оғози мавсим дар ноҳия беш аз 6800 тонна пахта ҷамъоварӣ ва нақшаи истеҳсол 36 дарсад иҷро гардидааст.
Дар хоҷагиҳои пахтакор ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад.
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нуҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар кори маҷлиси ноҳиявӣ муовини якуми Раиси вилоят Қурбонзода Суҳайлӣ иштирок дошт.