5 ноябри соли равон дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ доир гардид.
Нахуст, бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ чорабинӣ ифтитоҳ ёфт. Сипас, муовини раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ аҳли нишастро ба муносибати ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, паёми табрикии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони ноҳия расонид.
Таъкид гардид, ки ин санади муқаддас, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрванд аз амалишавии Конститутсия шаҳодат медиҳад.
Тавассути эҳтироми воло ва риояи Конститутсия имкон фароҳам омад, ки обрӯю эътибори байналхалқии Тоҷикистон боло рафта, дар ҳамкориҳои пурсамар, иқтисодиёти кишвар рушд ва риштаҳои дӯстию рафоқат густариш ёбад. Мардуми соҳибзафари мо иқболи баланди хешро дар он мебинанд, ки дар ҷомеаи боадолат умр ба сар мебаранд ва давлату Ҳукумат бо роҳбарии Асосгугузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдомҳои некро барои таъмини сулҳу озодии шаҳрвандон бо татбиқу фарогирии Конститутсия амалӣ мекунанд.
Мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чун анъана ҷашни солгарди Конститутсияи Тоҷикистонро бо рӯҳбаландии калон, тӯҳфаҳои арзанда истиқбол мегиранд. Бахубӣ эҳсос менамоянд, ки ҳар як нишондиҳандаи меҳнатӣ дар таҳкими низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии беандоза дорад.
Конститутсияи кишвари мо мисли чароғи роҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун сохта, меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар руҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд.
Дар идома намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Аҳмедов паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, барномаи фарҳангии тараннумгари сулҳу субот ва истиқлолу озодӣ, ватану ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия пешниҳод гардида, ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров