ДИДОРБИНӢ БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳоли як қатор собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳоли як қатор собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо саломативу саодати рӯзгорро таманно намуд.
Модарону хоҳарони азиз!
Бо самимияти афзун ҳамаи шумоёнро ба муносибати иди баҳору зебоӣ – Рӯзи Модар аз сидқи дил табрик намуда, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин аст ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.
Пешрафти давлат ва нерӯмандии ҷомеа, ки ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, бе таълиму тарбияи дуруст натиҷабахш буда наметавонад. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян ва арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд чорабиниҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодааст.
Худи ҳаёт собитгар аст, ки рушди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар кадом давлат аз бисёр ҷихат ба зан-модар вобастагии калон дорад. Зеро онҳо дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият намуда, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлат сидқидилона саъю талош менамоянд.
Модарону бонувони арҷманд!
Паиҳам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо, худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан-модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст.
Ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ, занону модарон ва бонувони ноҳияро ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!
Дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2-юми марти соли равон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар қатори дигар мардуми шарифи кишвар бо эҳсоси баланди худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, ба ҳизби сиёсӣ ва вакилони арзандаи худ овоз доданд.
Дар қатори дигар сокинони шарафманди ноҳия яке аз аввалинҳо шуда, Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барои дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №2, ҳавзаи якмандатии интихоботии рақами "Бобоҷон Ғафуров" рақами 14 ҳозир шуда, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони биҳиштосо ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсӣ раъйи худро дод.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар қаламрави ноҳия ду ҳавзаи якмандатии интихоботи умумиҷумҳуриявии “Бобоҷон Ғафуров”, №14 ва “ӯрунхӯҷаев”, №15, 9 ҳавзаи интихоботии вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 40 ҳавзаи ноҳиявӣ ва 319 ҳавзаи интихоботии маҷлисҳои ҷамоат ташкил шуда буданд.
Комиссияҳои ҳавзавӣ дар ҳайати раис, котиб ва аъзоён фаъолият доштанд. Дар дафтари кории комиссия гӯшаҳои интихобот, матни қонунҳо дар бораи интихобот ва дастурамалу роҳнамо, лавҳаю овезаҳо, рӯйхати навбатдории аъзоёни комиссия, харитаи маҳалли ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда буданд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот бо раисон ва котибони ҳавзаи интихоботӣ ва аъзоёни онҳо семинар - машваратҳо доир гардиданд.
Дар 101 участкаҳои интихоботӣ 239 164 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз онҳо 115 517 нафар занон буда, 4426 нафарашон бори аввал овоз доданд. Номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17 нафар буда, (9 нафар аз ҲХДТ, 1 нафар аз ҲКТ ва 7 нафарашон тариқи худпешбарӣ), ба Маҷлиси халқи ноҳия бошад, 122 номзад, (аз онҳо 40 нафар аз ҲХДТ, 6 нафар аз ҲКТ, ва 76 нафар тариқи худпешбарӣ) ба қайд гирифта шуда буданд. Номзадҳо ба вакилӣ ва шахсони боэътимоди онҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, дар вохӯриҳо интихобкунандагонро бо барномаҳои пешазинтихоботӣ шинос намуданд. Ҳамаи тадбирҳои пешазинтихоботӣ ба он равона карда шуданд, ки маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот аз рӯйи қонун, тариқи озод ва демократӣ гузаронида шуда, вакилони арзанда интихоб гарданд.
Бисёр хурсандибахш аст, рӯзи гузашта яъне 2 - уми март, тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маърифати баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба учаткаҳои интихоботӣ омада, ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистони азиз овоз доданд.
Муҳим он аст, ки интихобкунандагон ҳуқуқҳои худро хуб дарк карданд ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуданд.
"Парвозгоҳи бузургон"- нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 2 март баргузор гардид, эълон намуд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |