Лаҳзаҳои муҳаббатбор дар масири Анҷумани саодатбахш

Ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:

 Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.

 

Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ, ки соли ҷорӣ аз санаи баргузории он сӣ сол сипарӣ мегардад, аввалин санадҳои сарнавиштсоз – қатъи ҳарчи зудтари ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва дигар қарорҳои барои он рӯзҳо муҳимтарин ва таъҷиливу тақдирсозро қабул кард.

          Ҳар сол, ҳамин ки моҳи ноябр фаро мерасад, лаҳзаҳои басо тақдирсозу бунёдӣ – рафти ҷаласаҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи хотироти ман порча-порча падид меоянд. Биноан, аз ҳамон рӯзҳои соли 1992 дар хотираҳо дарки мафҳуми худшиносии миллӣ решапайванданд. Имрӯз низ, ки ба солгарди чаҳорякасраинаи ҳамон тадбири созанда ва таҳкимбахши пойдории давлату таҷассумгари бақои  миллат расидаем, вуҷуди ҳар фарди худшиносро тафохури бузургу қавӣ фаро мегирад.

 Ҳамчун як нафар қаламкаш, аз рӯи вазифа дар иҷлосияи тақдирсоз иштирок намудаам ва аз се лаҳзаи соҳибсаодатӣ баҳраманд гардидаам.

Аввалан, интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабари бахтовар, олитарину шарифтарини орзуву ормонро дар шумораи 21 ноябри соли 1992 таҳти №157 (14913)-и рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” (алҳол “Ҳақиқати Суғд” ба табъ расонидем. 94,4 дарсади вакилон ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Барои боварӣ ба депутатҳо изҳори сипосмандӣ намуда, умед бастанд, ки якдилию якдигарфаҳмии депутатҳои халқ қувват мегирад.

Дуюм, ҳангоме, ки дар Иҷлосия тарҳи муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчам ва Нишони давлатӣ тасдиқ мешуд, дар қалби депутатҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бе ҳеҷ муболиға, оташ шӯъла зад, дар мазраҳои дил ниҳол сабзид, гули орзуву умед бишкуфт. Охир, Парчам ва Нишон муждарасон ва муаррифгари кишвари соҳибистиқлол ҳастанд.

Сеюм, лаҳзаи басо пурифтихор он аст, ки 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб бомуваффақият анҷом ёфт. Дар ҳошияи ин рисолати тақдирсози таърихи миллӣ  4 декабр бо хоҳиши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Комитети иҷрои вилоят вохӯрӣ бо рӯзноманигорон барпо гардид. Дар он вохӯрӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки матбуот неруи бузург дошта, аз журналистон масъулият ва рисолати касбиро тақозо менамояд. Нақши рӯзнома ва маҳорату малака, донишу фаросати касбии журналистон дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят бузург аст.

Хотира ва андешаҳоямро менависаму аз мантиқу рабту низоми замон, кору пайкор ва ҳаёти имрӯз маъно мебардорам, дар тафаккурам ҳар лаҳзаи тақдирсозро зеҳнишин менамоям. Боиси ифтихормандӣ ва саодати бебадал аст, ки бо азму талошҳои зиёд, бо кӯшишу ҷасоратмандии фарзанди шоистаи миллат дар кишвар сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ ба даст омад. Меъмори муаззами ин кохи пурбаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон,

дорандаи медали “Хизмати шоиста”

 

                                                                          

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.